Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тартиби гузаронидани санҷишҳои хизматӣ оид ба вайрон намудани қонуният ва низоми хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

25Яке аз самтҳои муҳимтарини фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия - ин тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки роҳбарияти ВКД ва Академия дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ корҳои зиёдеро анҷом дода истодаанд. Ҷоизи қайд аст, ки Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия, ки яке аз бонуфузтарин муассисаҳои таълимии ин давлат маҳсуб шуда, ба раванди иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони Тоҷикистон дар самти ҳимояи диссертатсияҳо таккони ҷиддӣ мебахшад ва барои боз ҳам таҳким бахшидани робита ва муносибатҳои дуҷонибаи ин ду муассисаи олии таълимӣ мусоидат менамояд.
Чунончӣ, санаи 29 феврали соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи Академияи идоракунии ВКД Россия маҷлиси гурӯхи кории таҳқиқотӣ баргузор гардид, ки дар кори он корманди Академияи ВКД, муовини сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Шарифзода М.С. (ҳоло адъюнкти кафедраи психология, педагогика ва ташкили кор бо кадрҳои АИ ВКД Россия) иштирок карда, бо маърӯзаи мубрам дар мавзӯи “Тартиби гузаронидани санҷишҳои хизматӣ оид ба вайрон намудани қонуният ва низоми хизматӣ дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (“Порядок проведения служебных проверок по фактам нарушения законности и служебной дисциплины в органах внутренних дел Республики Таджикистан”) баромад намуд. Баъд аз анҷоми маърӯза аз тарафи адъюнктон ва мутахассисони Академияи идоракунии ВКД Россия ба маърӯзачӣ оид ба хусусиятҳои рафти санҷиш ва шартҳои он дар МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод шуда буданд.

Каримова Л.М.,
полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...