Роғун - Кохи нур
Касоне, ки саҳмияҳои Роғунро харидорӣ менамоянд ва онҳое, ки бо роҳҳои гуногун дар бунёди нерӯгоҳ ҳисса мегузоранд, бовар дошта бошанд, ки дасти имдоди фарзандӣ ба модари худ - Тоҷикистони азиз дароз кардаанд.
Эмомалӣ Раҳмон
Имрӯз дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чор масъалаи муҳим гузошта шудааст, ки яке аз он ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад. Воқеан ҳам ҳалқи тоҷик бо Пешвои сулҳофарин тавонист, ки ба ин ҳадаф расад. Ҳоло дар Тоҷикистон чунин Нерӯгоҳҳои барқи обӣ амал мекунад:
1.НБО Норак-бо иқтидори 3000 МВт
2.НБО Бойғозӣ-бо иқтидори 600 МВт
3.НБО Сангтуда-1бо иқтидори 670 МВт
4.НБО Сангтуда-2 бо иқтидори 220 МВт
5.НБО Сарбанд- бо иқтидори 240 МВт
6.НБО Шарора -бо иқтидори 29,9 МВт
7.НБО Марказӣ -бо иқтидори 15,1МВт
8.НБО Қайроққум-бо иқтидори-126 МВт дар Сирдарё.
Ва чанди дигар дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ҷойгир шудаанд. НБО Роғун яке аз нерӯгоҳҳои калонтарин дар кишвар ба ҳисоб рафта, он аз шаш агрегат бо иқтидори 600 МВт иборат мебошад, дар маҷмӯъ 3600 МВт-ро ташкил мекунад.
Бояд қайд намуд, ки НБО Роғун калонтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ дониста шуда, корҳои сохтмонӣ дар он 10 июли соли соли 1976 оғоз ёфта, 4 моҳ қабл аз истифодаи аввалин агрегати НБО-и Норак вараққаи шурӯъ намудан ба корро сардори минтақаи сохтмони Иттиҳодияи умумии иттифоқи «Гидроспецстрой» Б.П.Соболёв пур кардааст.
Аввалин коргарони сохтмонии НБО Роғун Б.П.Соболёв, ҷонишини ӯ В.С.Бахтин, макшейдер О.Н.Лобзин, кафшерчӣ П.В.Якимов, ронанда А.А.Попов ва коргарони таҳҷоӣ Анвар Давлатов (аз деҳаи Майдон) ва Мардон Гулов (аз деҳаи Сичароғ) буданд. Онҳо мақсад доштанд, ки баъд аз сохтмони НБО-Норак техника ва қувваи кориро пурра дар инҷо сарф намоянд. Аввалин ҷаласаи ботантана дар Роғун 27-уми сентябри 1976 баргузор гардид, дар ин рӯз Котиби якуми КМ ПК Тоҷикистон Ҷаббор Расулов суханронӣ кард ва моҳияти Қарори Анҷумани 24-уми КПСС-ро роҷеъ ба сохтмони маҷмааи гидроэнергетикии Роғун дар Тоҷикистон шарҳ дод.
Санаи 29 октябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ шахсан савори булдозери вазнин шуда, аз соати 10:00-и субҳ то 11:30-дақиқа, расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал мавҷи дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди НБО Роғун, ки барои мардуми тоҷик ҳаёту мамот аст, ҳусни оғоз бахшиданд.
Аввалин агрегати НБО Роғун санаи 16-уми ноябри соли 2018 бо иштироки Пешвои миллат дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дуюмин агрегат бошад, 9 сентябри соли 2019 бо иштироки Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ ба истифода дода шуд. Имрӯзҳо дар ин маркази нур зиёда аз 24 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар ба кори доимӣ ҷалб гардида, маоши ҳадди аққал 1500 сомониро ташкил медиҳад.
Роғун натанҳо ба Тоҷикистон муҳим аст, инчунин ба минтақаи Осиёи марказӣ низ зарур мебошад, зеро имрӯзҳо нархи нерӯи барқ боло рафта, талабот ба он зиёд шуда истодааст.
Фариддуни Тоҳирҷон, сардори курси воҳиди низомии Коллеҷи милитсия, капитани милитсия