Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии кормандони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар Академияи ВКД

519

Санаи 27-уми феврали соли 2020 дар Академияи ВКД, бо мақсади тадбиқи амалии нақшаи якҷояи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо мудирони шуъбаҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди шаҳри Душанбе оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳо ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, тадбиқи қонунҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарияти Академияи Вазорати корҳои дохилӣ муаррифӣ намуда, ташрифи меҳмононро ба Академия хайру мақдам гуфтанд.
Сипас сухани навбатӣ ба намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода Дилошуб дода шуд. Дар суханронии мазкур аз ҷумла қайд гардид, ки нуқтаҳои Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ, ки бевосита ба самти фаъолияти ҷавонон бахшида шудаанд, далели таваҷҷуҳи хосса ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат ба ин қишри созандаи ҷомеа, яъне ҷавонон мебошанд. Ҳамзамон, зикр карда шуд, ки қаноатмандии Пешвои миллат ҳангоми ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ аз фаъолияти густурдаи ҷавонони кишвар изҳор карда шуд, ки боиси ифтихори ҳар фарди ҷомеа, алалхусус мо ҷавонони даврони Истиқлолияти кишвар мебошад. Нуқтаи дигаре, ки дар ҷараёни вохӯрии мазкур иброз гардид, масъалаи пешгирии шомилшавии баъзан ҷавонони ноогоҳ аз арзишҳои волои фарҳангу тамаддуни миллӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ мебошад. Дар ин замина таъкид гардид, ки Паёми пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар мо ҷавонони бонангу номуси кишварро водор месозад, ки зирракиву ҳушёриро аз даст надода, баҳри расидан ба ҳадафҳои миллӣ пайваста кушиш ба харҷ дода, аз таъриху фарҳанги хеш ҳарчи бештар саршор бошем.
Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия Сафарзода Ҳ.С. баромад намуда, оид ба баъзе паҳлуҳои шомил гардидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ ибрози ақида намуданд.

520521

Дар анҷоми вохӯрӣ роҳбарияти Академияи ВКД аз номи ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантону шунавандагони Академияи ВКД, миннатдории худро ҷиҳати ҳамкории судманд бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуданд.
Самиъзода Б.С.,
Мардонов С.Р.,
Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...