Ифтитоҳи толори китобхонӣ дар Академияи ВКД
Дар асоси иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки аз Паём ба маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 бармеояд, аз ҷониби Вазири корҳои дохили генерал- полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзали Раҳмоналӣ барои баланд бардоштани маърифати курсантону омȳзгорони Академия дар бинои асосии Академияи ВКД толори китобхони бо 520 ҷои нишаст ба шароити муосир мувофиқ ташкил карда шуд. Дар толори мазкур теъдоди зиёди адабиёти илмӣ, бадеӣ ва оммавӣ ҷойгир карда шуд, ки тибқи реҷаи муайян курсантону омȳзгорон аз он ба таври васеъ истифода бурда, ҷаҳони маънавии худро ғани мегардонанд. Ҳамчунин дар факултети №4 Академияи ВКД воқеъ дар шаҳри бостонии Хуҷанд низ чунин як толори барҳавои китобхонӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Боиси тазакур аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ дар тамоми ҷузъу томҳои ВКД чунин толорҳои китобхонӣ кушода шуда, бо адабиёт пурра таъмин гардидаанд.
Асламов Б., Сафарзода С.