Месароям сулҳро дар сози Сулҳ!
Оре, сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву оромии мардум буда, маҳз он сабабгори ба хотири ҷамъ, баҳри ояндаи дурахшон, барои ободии диёру хонадон меҳнат кардани мардум ба шумор меравад.
Сулҳ шоистатарин неъмати рӯи замин аст. Хоби ором, хандаи кӯдакон, ҳузуру ҳаловати модарон, орзую ормони одамон ҳамеша аз сулҳу амонӣ бармеояд. Аз ин рӯ, сулҳ барои инсон чун обу ҳаво зарур аст.
Сулҳу ваҳдат аз ҳам ҷудонашавандаанд, зеро танҳо бо якдигарфаҳмию ваҳдат ва дӯстии ҷовидонӣ сулҳ барқарор шуда метавонад. Зери ливои парафшони сулҳ мо - ҷавонон дар партави озоду ободи Ватан фаъолияту таҳсил намуда, ҳар лаҳза аз зебоиву оромии ин сарзамини камзамин баҳравар гардида истодаем. Бе сулҳу осоиштагӣ ин ҳама зебоиҳоро эҳсос кардан натавон. Бесабаб нест, ки гуфтаанд:
Сулҳро хоҳем аз ин рӯ ҷовидон,
Баҳри хушбахтии халқҳои ҷаҳон.
Мо-ҷавонон ҳодисаҳои ҷанги шаҳрвандиро, ки дар Ҷумҳурии мо ба вуҷуд омада буд, ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард. Дар натиҷаи он кишвари моро бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳанигию мазҳабӣ фаро гирифта, онро ба харобазор табдил дода буд. Дар он лаҳзаҳои мудҳиш дар Тоҷикис- тони азизи мо кашмакашиҳои сиёсӣ авҷ гирифта, хатари нестшавии мамлакати мо дар харитаи сиёсии ҷаҳон пешбинӣ гардида буд. Созмонҳо ва ҳаракатҳои гуногун ба майдон омаданд, ки баъзеи он сабабгори таъқибу куштори одамони бегуноҳ гардиданд. Ин ҷанги бемаънӣ иқтисодиёти Ватанро хароб карда қариб буд, ки мамлакатро пароканда созад, вале ба бахти мо фарзанди арзандаи миллат, ватандӯсти боирода Қаҳрамони Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси сулҳпарваронааш Тоҷкистони азиятдидаро аз вартаи ҳалокат наҷод дод. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мухолифин, ки дар сангарҳо нишаста буданд, чунин муроҷиат намуд:
«Биёед, кинаю адоватро як сӯ гузорем, ба гузашта салавот гуфта, ҳамдигарро бародарворба оғӯш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта, ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар муттаҳиди мо метавонем Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ раҳо намоем».
Ин даъвату пешниҳоди Ҷаноби Олӣ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи роҳбари мухолифинСаид Абдулло Нури пазируфта шуд ва бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид гуфтушунидҳо барои сулҳу осоиштагии Тоҷикисон оғоз ёфтанд.
27 июни соли 1997 дар таърихи миллати мо ба ҳарфҳои зарин навишта шуданд, дар ин рӯз Созишномаи улҳи тоҷикон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти мухолифин ба имзо расид…
Инак, аз таърихи ба имзорасии ин санади муҳимми таърихӣ солҳо сипарӣ шуданд. Тоҷикистони азизи мо имрӯз тараққӣ мекунад ва гул-гул мешукуфад. Маҳз меҳнати зарбдоронаи мардуми заҳматқарин ва роҳнамоии оқилонаи сарвари давлат аст, ки Ҷумҳурии мо Истиқлолияти худро мустаҳакам кунонд. Ба андешаи мо Сулҳу ваҳдат танҳо аз дӯстӣ, ҳамдилӣ ва якдигарфаҳмӣ пойдор мегардад. Маҳалгароӣ ва ғайбату буҳтон оташи нифоқу ҷангро бармеангезад.
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
Махсусан маҳалгароӣ боиси ҷангу хархашаи ҳамватанон шуда метавонад.
Мо бояд ба фаҳми он бирасем, ки ҳама фарзандони Тоҷикистонем, чи хатлонию, чи зарафшонию, чи бадахшонӣ.
Бояд қайд намуд, ки ҷангу ҷидол ва душманӣ ба ҷамъият танҳо харобию даҳшат меорад. Дар ҳақиқат, ҷанг балое, офатест, ки ободиҳоро вайрон месозад. Доғи ҷанг як умр дар дили одамон мемонад.
Сулҳ бошад офтоби дурахшон аст, ки аз нурҳои ҷонбахши он олам мунаввар мешавад.
Таманнои онро дорем, ки дигар ҳеҷ гоҳ дар рӯи замин оташи ҷанг аланга назанад.
Бигузор офтоби сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони азизи мо нурафшон бошаду кабӯтари сулҳ дар фазои он болафшонӣ намояд!..
Сулҳ ин бахти дурахшон,
Сулҳ ин шодии тифлон.
Кош бошад ҷовидонӣ,
Дар фазои Тоҷикистон!
Курсантони МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Собитзода Файзалӣ,Каримов Муҳаммад.