Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар участкаи интихоботӣ

514Баргузор гардидани интихобот ва интихоб намудани номзади арзанда ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барои пешрафти давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзандае хоҳад гузошт.

Ин маракаи муҳими сиёсӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-марти соли 2020 баргузор хоҳад гашт.
Бо мақсади таҳкими бехатарӣ аз сӯхтор дар иншоотҳои муҳим ва ҳаётан муҳими давлатӣ, ҷиҳати таъмини бехатарӣ аз сӯхтори ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ, вазъи бехатарӣ аз сӯхтори ҷойҳои ҷойгиршавӣ, риояи талаботи қоидаҳои назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор, бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта аз тарафи комиссияи техникӣ-оташнишонии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД ва Академия, нақшаи иловагии кории комиссияи техникӣ-оташнишонӣ ташкил карда шудааст.
Вобаста ба нақшаи мазкур фаъолияти кории комиссияи техникӣ-оташнишонӣ дар мувофиқа бо Раиси комиссияи интихоботии №38 ба роҳ монда шуда, якчанд масъалаҳои ҷойдошта мавриди иҷроиш қарор дода шудаанд.
Ҳамзамон аз тарафи Раиси комиссияи интихоботӣ оид ба назорати участкаи интихоботӣ ҷадвали навбатдорӣ ташкил карда шуд.
515Инчунин ҳайати комиссияи техникӣ-оташнишонии Академияи ВКД якҷоя бо кормандони амалии СХДО ВКД Ҷумҳури Тоҷикистон ҳолати бехатарӣ аз сӯхтори ҳавзаю участкаҳои интихоботӣ, вазъи бехатарӣ аз сӯхтори ҷойгиршавии иншоот, ҳолати коршоямии оташхомӯшкунакҳо, рӯдаҳои обдиҳӣ, ҷумакҳои зидисӯхтории дохили бино, манбаҳои оби зиддисӯхтории атрофи бино, системаи автоматикунонидашудаи хабардиҳии биноҳоро мавриди санҷиш қарор дода, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дар оғози чорабинии сиёсӣ бо ҳайати кормандони комиссияи участкаи интихоботӣ корҳои ташвиқотӣ ва тарғиботӣ гузарониданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки комиссияи техникӣ-оташнишонӣ барои дар сатҳи зарурӣ гузаштани маракаи сиёсӣ оиди риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар участкаи интихоботӣ чораҳо андешида, ҳамарӯза бо ҳайати комиссияи участкаи интихботӣ ҳудуди бинои мазкурро назорат бурда истодаанд.

Омӯзгорони кафедраи бехатарӣ аз Хоҷармуродзода Ф.Х.
сӯхтори факултети №5 Муродзода С.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...