Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти иҷтимои
Боиси зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин иброз доштанд: “Дар соле, ки сипарӣ шуда истодааст мо шоҳиди содир шудани амалҳои мудҳиши террористӣ дар Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико гардидем ва қариб рӯзе нест, ки сокинони ин ё он гӯшаи ҷаҳон қурбони ҷиноятҳои террористӣ нагарданд”.
Бо ҳамин мақсад санаи 20.02.2020 сол дар Академияи Вазорати корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи Ҳуқуқи ҷинояти криминология ва психологияи Академияи Вазорати Корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони,,Ҷиноятҳо ба муқобили амнияти ҷамъияти ва сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар маҳфили илми проффессорон ва омузгорони кафедра аъзоёни (ҶИК) Ҷамъияти илмии курсантон-и ,,Криминологи ҷавон” и назди кафедраи мазкур,курсантон ва аъзоёни гуруҳи ҷавонони ,,Авангард”-и Ҷумҳурии иштирок ва суханрони намуданд.
Сараввал сардори кафедраи ҳуқуқи ҷинояти, криминология ва психологияи Академияи Вазораи корҳои Дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон н.и.ҳ Подполковники милитсия Ҳусейнзода С.Ҳ бо баромади худ маҳфили илмиро кушода эълон намуд.
Қайд карда шуд,ки Терроризм ва Экстремизм яке аз он масъалаҳоест, ки диққати ҷаҳониёнро моили худ сохтааст. Он борҳо намояндагони кишварҳои оламро сари мизи гуфтушунид овардаасту ҳадафу самти фаъолияти даҳҳо ташкилоту созмонҳо фарогири ин тамоюл гардидааст, вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, терроризм ва таъсири он на танҳо сусту заиф намешавад, балки рӯз аз рӯз рушд намуда, ҷонибдорони зиёде пайдо мекунад.
Сипас аъзои ҶИК, курсанти курси 3-и гуруҳи 314 Содиқов М дар мавзуи ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремисти суханрони намуда оид ба таърихи пайдоиш ва роҳу усулҳои зуҳурёбии он баромад намуд.
Қайд карда шуд,ки ҲНИ ҳануз солҳои 70-уми асри гзашта бо роҳҳои пинҳони таъсис дода шуда, баъдан солҳои 90 –ум дар байни ҷомеъа бо дастгрии давлатҳои хориҷи равнақ ёфтааст.
Инчунин гуфта шуд, ки соли 2015 дар асоси гузориши прокурори генралии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ дар асоси ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби мамнуъ ва ташкилоти Террористи ва Экстремисти эълон гардидааст.
Гуфта шуд,ки пас аз террористӣ эълон гардидани ҲНИ саркардагони он тарки кишвар намуда, ҳанӯз ҳам дар пайи анҷом додани амалҳои хиёнаткорона гом мебардоранд. Ҳизби мамнуъ тамоми бадбахтиҳои ба сари халқу миллат овардаашро ба дигарон рабт дода, худро «мусичаи бегуноҳ» вонамуд месозад. Аммо, чунонки дар урфият мегӯянд «Офтобро бо доман пӯшонда намешавад» ва амалҳои ноҷавонмардонаи ин гурӯҳ ба ҳамагон рӯшан аст. Ҳатто, аъмоли ифротгароёна барои муддаиёни наҳзатӣ ва хоҷагони хориҷиашон низ аён аст, вале эътирофи ин ҳақиқат барояшон хеле гаронӣ мекунад. Зеро онҳо дину мазҳабашонро фурӯхта, худ ба абзори сиёсии дигарон табдил ёфтаанд.
Инчунин дигар аъзоёни ҶИК аз ҷумла Курсантони курси 3 гуруҳи 314, Чиллаев Ҷ ва Абдуллоев Ш оид ба баъзе масъалаҳои мубориза бар зидди Терроризм ва Эксремизм ва хатари он ба давлатҳои ҷаҳон суханрони намуданд.
Ба ақидаи муҳаққиқи рус Болтунов М – терроризм нафратест ва ин нафрати инсон ба инсон ва ба башарият мебошад. Ҳаррӯза амалиётҳои гуногуни террористи дар гӯшаҳои олам ва садҳо таркишоту ҳазорон қурбонии ин таркиш ва иттилооти фаровони ВАО дар ин хусус далели ин гуфтаҳоянд. Дар раванди глобализатсия он масъалаҳое, ки ташвиши танҳо як давлат буданд ва қариб таъсире ба давлатҳои дигар надоштанд, хосияти умумидавлатӣ пайдо мекунад ё бо ибораи дигар, он масъала ташвиши ҷаҳониён мегардад. Хатаре дар як давлат ва таъсири он ба давлатҳои олам, монанд ба маризие дар як узви инсон аст, ки кулли аъзоро мутаваҷҷеҳи худ месозад.
Имрӯзҳо ҳолати фаъоляити терроризм тавре шакл гирифтааст, ки аз кӯдаки хурдсол то мӯйсафед метавонад амали террористи содир кунад. Бинобар ин, дар назди давлатҳои олам вазифаи меҳвари - бо роҳҳои самараноку таҳқиқшуда ҳар чи зудтар маҳв ва ё паст намудани сатҳи фаъолияти он меистад.
Сипас роҳбари гуруҳи Ҷавонони ,,Авангард”-и ҶТ Фирузи Маҳмадулло суханрони намуда оиди роҳҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористи ва экстремисти маъруза намуданд.
Роҳбари гуруҳи Ҷавонони ,,Авангард”-и ҶТ Фирузи Маҳмадулло қайд намуд,ки яке аз роҳҳои шомилшавии шаҳрвандон алалхусус ҷавонон ба гуруҳҳои Террористи ва Экстремисти ин истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимои ба ҳисоб мераванд.
Бояд қайд намуд,ки гуруҳҳои Террористи маҳз таввасути шабакаҳои гуногуни иҷтимои бо маблағгузории давлатҳои абарқудрат шаҳрвандонро бо тариқи фиреб ва (шантаж ) иръоб ба худ тобеъ намуда ба ин васила Ҳадафҳои худро амали менамоянд.
Дар ҷараёни маҳфил аз ҷониби иштирокчиён ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод гардида табоддули афкор сурат гирифт.
Биси зикр амуст , ки ҳар як амали манфур аз майнаи манфур бар- меояд.
Аз ин рӯ, дар чунин шароит барои устувор нигоҳ доштани пояҳои давлатдорӣ ва ҳифзи ваҳдату субот дар ҷомеа моро беш аз пеш зарур аст, ки зирракии сиёсиро аз даст надода дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зичтар муттаҳид гардида, ҳаргиз фирефтаи таблиғу ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавем ва бо нишон додани амалҳои созанда дилу дидаи ҷаҳониёнро тасхир созем.
Нуриддинзода Р.Н., Сафарова С.Н.