23-феврал Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ
Имрӯз мо яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол 27-солагии таъсиси Артиши миллӣ, ки рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэтимоди Ватан мебошад, ҷашн мегирем.
Лозим ба ёдоварист, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба баст овардани истиқлолияти давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ , дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобуди қарор дошт.
Зикр намудан бо маврид аст, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳарчанд роҳбарияти он вақтаи ҷумҳурӣ дар бобати созмон додани Артиши миллӣ кӯшишҳое аз худ нишон дода бошанд, ҳам вале он бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ амалӣ нагардиданд. Зеро вазъияти сиёсии он замон имконият намедод, ки мутобиқ ба шароити истиқлолияти давлатӣ Артиши миллӣ созмон дода шавад.
Нахустин кӯшиш дар ин замина Фармони Президенти Тоҷикистон аз 24-декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд.
Баъдтар 4-январи соли 1992 Фармон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10-июни соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Горди халқӣ ва 17-сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида бошанд, ҳам вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлолияти давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид.
Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии ХУ1-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт.
18-декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба души Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд, аз дигар ҷониб ба тавсиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард.
Хизмати Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ дар он аст, ки дар марҳилае, ки қӯвваҳои мусаллаҳи зиддидавлатӣ ва гурӯҳхои муташаккили ҷиноӣ аз рӯи шумораи умумӣ аз нерӯҳои низомии давлатӣ бартарӣ доштанд, тавонист, ки стратегияи мушаххаси ҳам мубориза ва ҳам созмон додани Артиши миллиро муайян намуда онро ба амал бароварад.
Президени мамлакат Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлолият тавсиф намуда қайд намуд, ки Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба меросии худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ, ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷои холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷи ҳифз намояд.
Заминаи аввалияи ташкили Артиши миллӣ бо таъсиси Бригадаи таъйиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҷмӯи вазифаҳояш ҳамчун нахустсохтори он 5-декабри соли 1992 ташкил карда шуд.
Артиши миллии Тоҷикистон дар таъсис ва ташаккулёбии худ се марҳиларо паси сар намудааст, ки марҳилаи аввал бо ташкил намудани заминаҳои моддӣ-техникӣ, сафарбар намудани кадрҳои тахассусӣ, марҳилаи дуюм бо бунёди навъҳои Қувваҳои мусаллаҳ ва ҷо ба ҷогузории онҳо ва марҳилаи сеюм бо таҳкиму тақвияти он вобаста мебошад.
Дар марҳилаи аввал давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон сафи Артиши миллиро аз ҳисоби хизматчиёни сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ, размандагони Ҷабҳаи Халқии Тоҷикистон ва даъвати шаҳрвандони дорои ихтисоси ҳарбӣ ,ки дар захира буданд, пурра намуда буд.
Вазифаи муҳими дигар масъалаи эҷоди қонунҳо ва санадҳои дахлдори ҳуқуқӣ барои ташаккул, танзим ва ҷо ба ҷогузории Қувваҳои мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои он ба шумор мерафт.
Дар ин замина(17.02.1993.) Низомномаи тартиби қабули Савганди ҳарбӣ, (02.08.1993.) Низомномаи додситони ҳарбӣ, (26.06.193) Қонун дар бораи мудофиа ва Қонун дар бораи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ қабул гардиданд, ки на танҳо асосҳои ҳуқуқии мавҷудият ва фаъолияти қувваҳои мусаллаҳ, балки шумораи онҳо , таъмину нигоҳдорӣ ва ҳаҷми маблағҷудокунии буҷетиро муайян намуд, инчунин масъалаҳои интизоми дохилӣ, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва фаъолияти хизматчиёни ҳарбиро ба танзим дароварда марҳилаи наверо дар такмили он ҳамчун сохтори ҳарбии давлатӣ ифшо намуд.
Аз таъсисёбии Артиш муддати зиёд сипари нашуда ба души он якҷоя бо дигар мақомоту сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ иҷрои вазифаи басо бузург ва масъулияти ниҳоят муҳим таъмин намудани суббот ва амнияти кишвар вогузошта шуд, ки тақдири миллат ва дастовардҳои истиқлолият аз ҳалли онҳо вобаста буд.
Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем,ки Кувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз дар рӯзҳои авали таъсисёбиааш дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлолият барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар мубориза ба муқобили дастаҳои муссалаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбӣ, ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имрӯз ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтааст.
Бояд зикр намуд, ки ҷараёни такмил ва ташаккули Қувваҳои мусаллаҳ, ба вуҷуд овардани сохторҳои таркибии он ҳам аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва ҳам пурра кардан бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ то ба имрӯз давом дорад.
Зеро Ҳукумати мамлакат аз ибтидо бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ,таъминоти моддӣ-техникӣ, ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ ва таъмини онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии Қӯвваҳои мусаллаҳ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, сарфи назар аз душворию мушкилоти зиёд ҳамеша кӯшиши ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиву техникии ин сохторро таъмин намуда истодааст.
Дар ин замина ҳануз то охири соли 1993 муҳимтарин қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти системаи амнияти миллӣ ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қушунҳои дохилии 24.02.20. ВКД ҶТ”( 28.12.1993) Қонунҳо “ Дар бораи амният” Дар бораи кумитаи давлатии амнияти миллӣ” ва “ Дар бораи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амният ба тавсиб расиданд, ки дар роҳи таъмини нерӯи мудофиавии Тоҷикистон қадами ҷиддие буд.
Соли 1995 барои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон соли оғози дигаргуниҳои кулли ба ҳисоб меравад. Ҳарчанд то соли 1995 бо вуҷуди мушкилиҳои бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ дар таъсиси қисму воҳидҳои бузургу хурди ҳарбӣ корҳои зиёд анҷом дода шуда бошанд, ҳам вале бунёди муназзами Қувваҳои мусаллаҳ аз соли 1995 оғоз гардид, ки ду марҳилаи инкишофро дар бар мегирифт.
Марҳилаи аввал ба солҳои 1995-1997- рост меояд, ки бо таҳия ва тасдиқ намудани сохторҳои ташкилию штатии мақомоти идорӣ воҳидҳои бузурги ҳарбӣ ҷойгиркунии қисмҳои ҳарбӣ, ташкил намудани системаи ягонаи идораи қушунҳо ва таҳияи қонунгузорӣ дар ин самт вобаста мебошад.
Марҳилаи дуюм ба солҳои 1998-2000- рост меояд, ки бо ба анҷом расонидани бунёди Қувваҳои мусаллаҳ, муайян намудани самтҳои минбаъдаи инкишофи он, ташкил намудани системаи устувори идораи нерӯҳои мусаллаҳ вобаста ба вазъитҳои гуногун ба шумор меравад.
Соли 1998 роҳбарияти Вазорати мудофиа натиҷаҳои марҳилаи аввали бунёди дигаргунсозиҳои ташкилиро ҷамъбаст намуда ба иҷрои нақшаҳои марҳилаи дуюм оғоз намуд, ки тибқи он бояд вазифаҳои мувофиқат кунонидани сохторҳои ташкилию штатӣ бо шумораи барои қӯвваҳои мусаллаҳ муайян намудаи Маҷлиси Олии ҶТ, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҷангӣ ва интизоми ҳарбӣ дар қушунҳо ва ҳамоҳанг кунонидани фаъолияти воҳидҳо ва ҷузъу томҳои Қӯвваҳои мусаллаҳ бо дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ анҷом дода мешуданд.
Барои боз ҳам вусъат бахшидан ба ҷараёни такмил ва таҳкими Қӯваҳои мусаллаҳ ва пурзӯр намудани масъулияти сохторҳои низоми дар таъмини амнияти миллӣ фармонҳо “ Дар бораи тадбирҳои боз ҳам беҳтар кардани тарбияи мутахасиссон барои Қувваҳои мусаллаҳ, Гвардияи президентӣ, қушунҳои сарҳадӣ ва дохилӣ, “ “ Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ ба тавсиб расиданд, ки раванди ин дигаргунсозиҳоробоз ҳам вусъати тоза бахшид.
Дар ин замина Вазорати мудофиа имконият пайдо намуд, ки маҳорату малака ва омодагии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбиро ба сатҳи баландтар бардорад, идораи ягонаи ҳарбиро ба роҳ монад, вазифаҳои ҷагии қушунҳоро муайян намуда ҳамоҳангии онҳоро бо дигар ҷузъу томҳои низомӣ ба роҳ монад.
Дар ибтидои соли 1999 дар сохтори Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон се навъи қуваҳои мусаллаҳ қушунҳои хушкигард, қушунҳои зидди ҳавоӣ ва қуваҳои ҳарбии зидди ҳавоӣ таъсис дода шуданд. Илова бар ин дар қӯвваҳои мусаллаҳ ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида Сарситоди Қувваҳои мусаллаҳ ба Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ табдил дода шуд, ки ба зиммаи он вазифаҳои муҳимтарин, пеш аз ҳама роҳбарии мутамарказ ба ҳамаи ситодҳои сохторҳои қудратии малакат, омӯзиши вазъи ҳарбиву сиёсӣ, муайян кардани дараҷаи хатари ҳарбӣ ва омодагии ҳарбиву тактикии ситодҳо ва қушунҳо вогузор шудаанд.
Дар баробари ин таҳия ва қабули “Консепсияи амнияти миллии ҶТ”, Доктринаи ҳарбии ҶТ” ва “Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар Қӯваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тадбирҳои мушахас дар таҳкими Артиши миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ буданд.Таҳким ва такмили Қӯваҳои мусаллаҳ ҳамчун сохтори ҳарбӣ ҳамеша идома дорад.
Хушбахтона имрӯз он мушкилоти солҳои пешин нарасидани афсарон,мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ ба назар намерасад. Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи сарвари кишвар муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон амалан сурат ва моҳияти ташкилоти ҳарбиро соҳиб гашта имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ садоқат ба касбу савганд вазифаи бошарафи худ ҳимояи ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаю меҳнати созандагии халқи худро анҷом медиҳанд.
Итминони комил доремм, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳ савганди ботантана дар назди Президенти кишвар ёдкардаи худро ҳамеша азиз мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси ҳомии миллати кӯҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро мардона пос медоранд.
Асламов Б.С.,Убайдуллоев Ш.Э.,Сафарова С.Н.