Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохурии роҳбари ҷавонони «Авангард»-и шаҳри Кулоб бо курсантон

501

17 феврали соли 2020 тибқи нақша чорабиниҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурии навбатии роҳбари ҷавонони фаъоли «Авангард»-и ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ш.Кулоб мӯҳтарам Шарипов Рустам бо аъзоёни гурӯҳи ҷавонони «Сипари Ватан»-и Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 30-нафар баргузор гардид. Дар баромади худ роҳбари ин гурӯҳи фаъол қайд намуд, ки имрӯз ҳар як фарди худогоҳу худшинос бояд шукрона аз ин фазои сулҳу якпорчагии Ватан намуда бо сарвари оқилу тавоно ва заковадманди худ, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фахр намояд, зеро зери ҳидоят ва ғамхориҳои ин шахсияти таърихи миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон чун миллати муваффақ ва соҳибтаммадун мешиносанд.
Ҳамчунин дар баромади худ муалим-методисти шуъбаи таълими Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Насурзода Ҳукуматуло Асадулло баромад намуда қайд намуд, ки мо ҷавонони даврони Истиқлолият, фаромуш набояд кунем, ки таълиму тарбия дар баробари мактабу донишгоҳ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, омӯзгор, падару модар, сохтору мақомотҳои давлатӣ ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мебошад.
Мо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро лозим аст, ки дар мубориза ба муқобили ҷинояткорон ба қувваҳои солими ҷомеа бештар такя намоем ва дар саросари мамлакат чунин муҳитеро ба вуҷуд оварем, ки ҷинояткор дар ягон ҷо худро ором ҳис карда натавонад.

502

Аъзои фаъоли гурӯҳ, курсанти курси 3 қатории милитсия Каримов Муҳаммад қайд намуданд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилиро зарур аст, ки ҷиҳати баланд бардоштани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар ва нуфузу обрӯи милитсияи тоҷик боз ҳам бештар кӯшишу талош намоем.
Насурзода Ҳ.А.
Каримов М.Ш.
Каримова С. С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...