Боздиди курсантони Коллеҷи милитсия аз китобхонаи Вилоятӣ
Санаи 18-уми феврали соли 2020 гуруҳи чавонони «Сипари Ватан»-и муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонаи вилоятӣ ба номи Садриддин Айнӣ дар ш.Кулоб ташриф оварданд.Ҳамаи ин зери ҳидоят ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдатӣ миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, проффесор Раҳимзода Рамазон Ҳамроҳ аст, ки ин муассисаи таълими бо кушиш ва ғайрати шабонарӯзии онҳо таъсис дода шудааст.
Зимни боздид ва суҳбату вохуриҳо бо кормандони китобхонаи вилоятӣ ба номи Садриддин Айнӣ дар ш.Кулоб ба курсантон тавсия дода шуд, ки аз ин маҳзани илм самаранок истифода баранд зеро шахси донишманд ҳеҷ гоҳ хор намешавад.Имрӯз аз ҷониби Ҳукмати кишвар баҳри ҷалби хонандагон ба китобҳои бадеи тамоми тадбирҳои зарури андешида шуда истодааст.
Дар охир байни кормандони китобхонаи вилояти ва аъзоёни гурӯҳи «Сипари Ватан» мубодилаи афкор сурат гирифт.
Назарзода Н.Г.
Насурзода Ҳ.А.
Каримов М.Ш.