Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 21-уми феврали соли 2020 дар майдони сафороии Академияи ВКД чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рузи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият, меҳмонон, курсантон, шунавандагон, омӯзгорону кормандони Академия дар фазои идона баргузор гардид.
Дар чорабинии тантанавӣ бо маърӯзаи муфассал сардори Академияи ВКД, номзади илми ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ баромад намуд. Сардори Академия дар маърӯзаи хеш аз ҷумла зикр намуд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи замони Истиқлолияти давлатӣ буда, дар лаҳзаҳои душвори кишвар дар ҷои холӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шуданд, ки дар ҳифзи сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ корнамоӣ ва ҷонфидоӣ намудаанд.
Имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нерӯи бузурги дифоии кишвар табдил ёфта, аз лиҳози омодагии ҳарбӣ, руҳияи сиёсӣ ва ватандӯстӣ, зиракию омодабошӣ ва тактикӣ яке аз Артишҳои пуркудрат дар машқҳҳои СААД, СҲШ ва дигар Созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гашта, баҳои баланди ҳарбиро дар несту нобуд кардани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ гирифтааст. Мо бо Артиши миллӣ фахр менамоем, ки доимо ва мудом дар ҳифзи музаффариятхои Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.
Дар ҷамъомади тантанавӣ роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии умумироссиягии «Собиқадорон -Бародарони ҷанговар» дар ҳудуди дивизияи 201-уми Вазорати мудофиаи ФР қарордошта С.Давлатов бо сухани табрикӣ баромад намуда, медали ҷашнии Қувваҳои Мусаллаҳ ва баровардани Артиши Шӯравиро аз хоки Афғонистон, ба сардори Академия ва якчанд кормандон, омӯзгорон ва курсантони фаъол такдим намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ сардори Академияи ВКД, номзади илми ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бори дигар ҳайати шахсӣ ва меҳмононро бо ин Рӯзи фархунда табрику таҳният гуфта, аз ҷониби дастаи ҳаваскорон - кормандони Академия барномаи рангини консертӣ табъи ҳозиринро болида намуд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н.