Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози озмун бахшида ба баргузор намудани «Ҷоизаи ба номи Ҳомиддин Шарипов»

496

Ташкили озмуни илмӣ-маърифатӣ байни курсантони Академияи ВКД аз методҳои тарбиявӣ маҳсуб меёбад, ки метавонад барои сайқали дониши амалӣ – назариявии таълимгирандагон таъсири мусбӣ гузорад. 

Амалияи фанҳои тахассусӣ, аз он шаҳодат медиҳанд, ки бо муваффақият амалигардонии он, аз мукаммал ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир будани кормандони ҷавон дар самти фаъолияти хизматӣ сахт вобастагӣ дорад.
Бо мақсади иҷроиши бандҳои Низомнома оид ба баргузор намудани озмуни «Ҷоизаи ба номи Ҳомиддин Шарипов» дар факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмун ташкил карда шуд.

497

Санаи 18-уми феврали соли 2020 давраи якуми озмуни мазкур дар байни курсантони 2, 3, 4, аз фанҳои тахассусӣ дар факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори факултет, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён П.А. ифтитоҳ намуда, дар боробари тавзеҳи ҳадафи озмун инчунин бо шартҳои озмун курсантонро шинос намуда ба иштирокчиён барору ғолибият таманно намуд.
Раванди озмуни мазкур давом дорад.
Ибрагимзода Ҷ.И., муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, майори милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...