Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

492

Ба муносибати таҷлили рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд як қатор чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, инчунин чорабиниҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда, иҷроиши он амалӣ гардида истодаанд. Бояд қайд кард, ки дар факултети №4 пайваста бахшида ба рӯзҳои таърихӣ ва идҳои ҷумҳуриявӣ чорабиниҳои зиёди фарҳангиву фароғатӣ ва варзишӣ гузаронида мешаванд.
Бинобар ин кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии факултет ва нақшаи кории кафедра мусобиқаи варзишӣ байни кормандон, шунавандагон ва курсантони факултетро ба нақша гирифта бо тасдиқи роҳбарияти факултет амалӣ карда истодааст. Бахшида ба таҷлили рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди факултети №4 мусобиқаҳои варзишӣ дар намуди давидан ба масофаи 100 метр, бандкашӣ, вазнбардорӣ ва турниккашӣ, аз санаи 15-ум то 20-уми феврали соли 2020 гузаронида мешавад.
Дар оғози мусобиқаҳои варзишӣ бо ташаббуси сардори факултет, н.и.ҳ., полковники милитсия Насуриён П.А. ҳамаи ҳайати шахсӣ ба давидан, яъне марафон ба масофаи 5000 метр фаро гирифта шуданд.
Мавриди қайд аст, ки имрӯз дар факултети №4 ҳамаи курсантон барои иштирок дар марафон ба масофаи 5000 метр бо тайёрии хуб ҳозир шуда будаанд. Аз тарафи роҳбарияти факултет, дар фазои идона ба ҳамаи иштирокчиёни мусобиқаҳои варзишӣ муваффақиятҳо таманно карда шуданд.

494493495

Раванди мусобиқаҳои варзишӣ дар факултети №4 идома дорад!
Муҳаммадиев Н.Б., сардори кафедраи омодагии касбӣ ва ҷисмонии факултети №4 Академияи ВКД ҶТ, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...