Мизи мудаввари академиявӣ дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ»
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва бо мақсади иҷрои Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 12-уми феврали соли 2020 аз ҷониби кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6 Академияи ВКД, ки таҳти роҳбарии сардори кафедра, полковники милитсия Тоҷиддинзода Н.Т. қарор дорад, мизи мудаввари академиявӣ дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ» бо ҷалби кормандони амалии Раёсати кофтукови ҷиноятӣ, Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, сардори хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон полковники милитсия Бухоризода М.Г., намояндагони гурӯҳи «Авангард»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва курсантону омӯзгорони Академия гузаронида шуд.
Конференсияи мазкур бо суханронии муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсет, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ ифтитоҳ гардид.
Ҳамзамон, мавриди зикри хос аст, ки дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, садоқат ба давлату миллат, таҳаммулгароӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ тарбия намудани наврасону ҷавонон вазифаи муҳимтарини ҳамаи сохтору мақомот ва аҳли ҷомеа мебошад.
Дар ин чорабинӣ, ҳамчунин ҷавонони фаъоли гурӯҳи «Авангард» ба сухан баромад намуда, аз саҳму дастгирӣ ва баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ байни ҷавонон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Дар идомаи чорабинӣ миёни кормандони амалӣ ва омӯзгорони Академия ВКД саволу ҷавоб сурат гирифта, иштирокчиён ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Муродов Ф.А., омӯзгори Академияи ВКД