Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари таълимӣ дар мавзӯи «Этикети меҳмондорӣ» дар Академияи ВКД

487

486Дар Акдемияи ВКД бо ташаббуси сардори Академия н.и.ҳ., дотсент, генерал -майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ дар партави амалӣ намудани нишондодҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби директори Парки технологии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ва омӯзгори калони кафедраи экпертизаи молҳо ва фаъолияти гумрукӣ семинари таълимӣ дар мавзӯи «Этикети меҳмондорӣ» ташкил ва гузаронида шуд.
Мутахассисон дар рафти семинар баён намуданд, ки миллати тоҷик дорои фарҳанги бойи меҳмондорӣ буда, бо ин рукни миллӣ дар ҷаҳон ном баровардааст. Ҳар сол аз Тоҷикистон беш аз як миллион сайёҳон дидан менамоянд. Ҳамчунин меҳмонон, ходимони дипломатӣ ва консулӣ, роҳбарони Донишкадаҳои олӣ ба ВКД, алалхусус Академияи он ташриф меоранд, ки роҳбарият дар ин ҷода таҷрибаи бой дорад.
Дар ин самт тақвияти «этикети меҳмондорӣ», қабул, роҳбаладӣ ба ҷойҳои таърихӣ, оростани зиёфати расмӣ, гусели меҳмонон атрибутҳои хоси миллӣ ва байналмилалиро доро аст, ки дар рафти семинар ба кормандону омӯзгорони Академия таълим дода шуд.

485
Семинар шавқовар гузашта, ҳозирин иброз намуданд, ки он доимо амалкунанда гардад, зеро аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Асламов Б.С., Убайдуллоев Ш.Э., Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...