Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи меҳмонон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон

480

Дар доираи муносибати дуҷонибаи дӯстӣ ва ҳамгироии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Ӯзбекистон рӯзи 29-уми январи соли ҷорӣ кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Узбекистон, подполковники милитсия Жамолов Отабек Атоевич, полковники милитсия Ахмедов Сайфулло Негматович, подполковники милитсия Убайдуллоев Азиз Убайдуллоевич, подполковники милитсия Тилябаев Жамшид Абдухалилович, подполковники милитсия Талипов Махмуд Шухратович, подполковники милитсия Мирзаев Мухаммад Турсунпулатович бо сафари корӣ ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.

481482

Чун анъана аз рӯи сунати меҳмоннавозии тоҷикона меҳмононро муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ ва сардорони ҷузъу томҳои Академия пешвоз гирифтанд.
Меҳмонон бо роҳбарони ҷузъу томҳои Академияи ВКД оид ба корҳои илмӣ-таълимӣ мулоқот намуда, сипас бо инфрасохтори нави Академияи ВКД шиносоӣ пайдо намуда, ба баъзе синфхонаҳо, аз ҷумла, синфхонаҳои махсуси факултети № 6, ҳолатҳои фавқулоддаи факултети № 5, техникаи махсус, китобхонаи электронии шуъбаи илм, тири электронӣ, студияи телевизионии «Наврӯз» ва ғайра ташриф оварда, изҳор намуданд, ки роҳбарияти давлат ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳақиқат бо санъати баланди меъморӣ барои таълиму тарбия барои курсантону омȳзгорон шароити замонавӣ муҳайё намудаанд.

483
Сафарзода С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...