Омодабошии фаврии ҳайати шахсии Академияи ВКД
Бо мақсади баланд бардоштани омодабошии ҳарбии кормандони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 30-юми январи соли 2020, соати 04:00-дақиқа, омодабошии фаврии ҳайати шахсии Академияи ВКД санҷида шуд.
Баъд аз гирифтани супориши махсус кормандони навбатдор ба ҳифзи таъҷилии бино ва нуқтаҳои асосӣ ҷойгир карда шуда, дар муҳлати муайянгардида ҳайати шахсии доимӣ ба саф оҷилан ҳозир шуданд.
Муовинони сардори Академияи ВКД, полковники милитсия Ализода А.Ш., полковники милитсия Собирзода А.Ч., сардори шуъбаи кадрҳо полковники милитсия Абдуллозода А.Е. ба омодабошии фаврии ҳайати шахсии Академияи ВКД баҳои «хуб» дода, доир ба риояи интизоми хизматӣ, қонуният, ҳушёрию зиракӣ дастурҳои мушаххас дода, ҷиҳати риояи хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон, одоби балаланди касбии корманди милитсия тавсияҳои муфид пешниҳод намуда, дар навбати худ, руҳияи хизматии кормандону омӯзгорони Академияро баланд бардоштанд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ омодабошии фаврии ҳайати курсантон низ марҳила ба марҳила санҷида мешавад.
Гузаронидани чорабиниҳои мақсадноки мазкур имкон медиҳад, ки дараҷаи омодагии ҳарбию ҷисмонии кормандони милитсия боз ҳам баланд бардошта шуда, онҳо барои ҳимояи манфиатҳои давлат ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамеша тайёр бошанд.
Убайдуллоев Ш.Э., Сафарзода С.