Робитаҳои байналмилалӣ таҳким меёбанд
Тайи солҳои охир равобиту ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳампешагони хориҷӣ тақвият ёфта, ин гуна муносибатҳои корӣ дар доираи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ низ ба роҳ монда шудаанд. Дар ин замина, ҷузъу томҳои алоҳидаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, аз ҷумла Академияи он низ чунин ҳамкориҳоро бо ҳампешагони хориҷӣ хеле хуб ба роҳ мондааст.
Рӯзҳои 21-23-юми январи соли равон як гурӯҳи кории иборат аз 3 нафар, таҳти роҳбарии сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ бо ҳамроҳии сардори шуъбаи тайёрии кадрҳои Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД подполковники милитсия Набизода М.И. ва сарнозири маркази тестии шуъбаи таълими Академияи ВКД подполковники милитсия Мирзозода Э.Э. ҷиҳати иштирок дар маросими хатми курсантони Коллеҷи политсияи Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар ба ин мамлакати пешрафта сафари корӣ анҷом доданд.
Дар доираи ин сафар, ки ҳамчунин бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлат анҷом дода шуд, рӯзи 22-юми январ ҳайати меҳмонони тоҷикистонӣ ба Департаменти мубориза бар зидди ҷиноятҳои иттилоотӣ ва ҷиноятҳои иқтисодии ВКД Давлати Қатар ташриф оварда, бо директори он Алӣ Ҳасан Алӣ ал-Қубайсӣ вохӯрда, бо сохтор ва тарзи корбарӣ дар ин департамент аз наздик шинос шуданд.
Инчунин, рӯзи 23-юми январ ҳайати мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон аз Коллеҷи политсияи ВКД Давлати Қатар боздид ба амал оварда, дар маросими тантанавии хатми курсантони Коллеҷи мазкур иштирок намуданд. Бояд гуфт, ки ин муассисаи таълимии мазкур соли панҷум аст, ки фаъолият дорад. Муҳлати таҳсил дар он чор сол буда, соли равон 110 нафар Коллеҷро хатм намуданд. Роҳбарии Коллеҷро генерал-майор, доктор Абдулло ал-Муҳанно ал-Маррӣ ба зимма дорад.
Баъди анҷом ёфтани чорабинии тантанавӣ, ки дар он Амири Давлати Қатар Тамим бин Ҳамад ал-Тани ва масъулини мақомоти корҳои дохилии ин кишвар иштирок намуданд, вохӯрии Амир бо намояндагони беш аз 40 давлати дунё ва 400 нафар меҳмонон, ки ҷиҳати ширкат дар ин чорабинии сатҳи баланд даъват шуда буданд, баргузор гардид. Дар ин вохӯрии судманд намояндагони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ иштирок намуданд.
Ҳамон рӯз Амири Давлати Қатар расман иштирокчиёни чорабиниро ба хӯроки нисфирӯзӣ даъват кард. Дар интиҳои чорабинӣ маросими супоридани туҳфаҳои хотиравӣ баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки дар асоси Созишномаи ҳамкориҳои байналмилалии байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Коллеҷи политсияи ВКД Давлати Қатар, директори Коллеҷи мазкур генерал-майор, доктор Абдулло ал-Муҳанно ал-Маррӣ даъват намуд, ки то охири соли таҳсили 2019-2020 ҳайати гурӯҳи кормандони Академияи ВКД метавонанд барои шиносоӣ ва омӯзиш дар самти ҷиноятҳои иттилоотӣ ва ҳолатҳои фавқулода ташриф намоянд. Инчунин, даъват карда шуд, ки ҳамасола дар маросими хатми курсантони Коллеҷ намояндагони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли гузашта намояндагони Коллеҷи политсияи ВКД Давлати Қатар бо роҳбарии директори он ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда буданд. Он замон ҳайати меҳмонон бо инфрасохтори нави Академия шинос шуда, аз баъзе синфхонаҳо, аз ҷумла синфхонаҳои махсуси ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5, техникаи махсус, китобхонаи электронии шуъбаи илм, тири интерактивӣ дидан намуда, дар рафти дарс иштирок карданд.
У. Олим,
Ш. Убайдуллоев