Ширкати кормандони Академияи ВКД дар Намоишгоҳи китоб
Яке аз нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26-уми декабри соли 2019 ин ба баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва фарҳанги китобхонӣ равона гардида буд.
Дар ҳамин асос бо ташаббуси Вазорати фарҳанг, нашриёти давлатии «Адиб» дар Театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ намоишгоҳи навбатии ярмарка-фурӯши китоб баргузор гардид, ки дар он гурӯҳи кормандони Академияи ВКД таҳти роҳбарии муовини сардори Академия полковники милитсия Собирзода А. ширкат намуда, барои харидории номгӯи китобҳо барои китобхонаи Академияи ВКД дархост пешниҳод намуда, аз дастовардҳои адибони тоҷик аз наздик шинос гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки ин дуюмин Намоишгоҳи китоб аст, ки нашриёти «АДИБ» созмон медиҳад, ки дар баробари тамошобинон ва харидорони зиёди китобҳои бадеӣ кормандони Академияи ВКД низ дар он ширкати фаъол менамояд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.