Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷашни Сада дар Академияи ВКД

473

Санаи 25-уми январи соли 2020 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба таҷлили “Ҷашни Сада” баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Саидзода З.А. ифтитоҳ намуда, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мардуми сарбаланди Тоҷикистонро ба ифтихори иди “Ҷашни Сада” табрику таҳният гуфта, ба онҳо сулҳу оромӣ, хушбахтиву иқболи нек таманно намуданд.

Дар кори семинари илмӣ-назариявӣ, олимону муҳаққиқон ва афсарону курсантон иштирок намуданд. Сардори факултети № 2, н.и.ҳ., подполковники милитсия Сафарзода Ҳаёт Саидамир суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, омӯзгорони Академия, Гадозода Маҳмадшарифи Давлатшо н.и.ф., омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ дар мавзӯи «Ҷашни Сада ва рамзҳои он дар адабиёти классикии тоҷик” ва Султонзода Вамариҷ Иброҳим омӯзгори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия, дар мавзӯи: «Ҷашни Сада ва таърихи пайдоиши он» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар суханронӣ ва баромадҳои маърӯзачиён зикр гардид, ки Истиқлолият ва ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани шахсияти ватанхоҳу ватандӯст ва худогоҳу худшинос муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи ҳувияти миллӣ ва эҳё гардидани таърихи куҳан, инчунин муроҷиат ба осори пешин ва зинда намудани чеҳраҳои таърихиву фарҳангии гузаштаи халқи тоҷик ба ҷойи аввал баромад. Бо таълифи асари бисёрҷилдаи «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ», «Забон – ҳастии миллат» ва китобу мақолаҳои зиёди муҳиму дорои хусусияти ватандӯстона Пешвои миллат исбот намуданд, ки халқи тоҷик таърихи ниҳоят куҳан дорад ва фарзандони баномус ва бузурге дар ин сарзамин умр ба сар бурдаанд, ки номашон на танҳо дар оинаи таърих, балки офаридаҳояшон барои башарият хидмат намудаанд. Дар баробари ин Сарвари давлат ба мероси маънавии суннатии шоистаи мардум баҳои баланд дода, омӯзиш ва тарғиби ин осори гаронбаҳоро вазифаи ҳар як фарди бедордил дониста, доимо даъват ба амал меоваранд, ки таърихи гузашта ва фарҳанги пешиниёнро насли имрӯза дуруст аз бар намоянд ва ба он сидқан арҷ гузоранд.

474

Боиси сарфарозист, ки маҳз тавассути асарҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шоистаашон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намуданд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи аҳли ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни миллию мардумӣ – Наврӯз, Меҳргон ва Сада хосса мебошад.
Иди Сада дар поёни чиллаи калон чун рамзи гузаштани сардиҳои зимистон одатан муждае аз наздик расидани баҳор меовард. Мардум, бахусус деҳқонон дар шаби Сада бори дигар бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр)-ро ёдоварӣ намуда, ба поси он гулханҳои бузург меафрӯхтанд ва шодиву хушҳолӣ менамуданд. Сада моҳиятан пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзро мерасонад.
Муҳаммад С.А., Султонзода В. И. Саидова Саида.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...