Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср
Дар ҷаҳони муосир таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯз аз рӯз, соат ба соат дар ин ё он нуқтаи курраи замин амалҳои номатлуби террористӣ сар зада истодаанд. Ин амалҳои номатлуб ва рӯйдодҳои ногувору даҳшатзо таъсири худро каме ҳам бошад ба Тоҷикистони мо мерасонад. Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2000-ум саркарда то имрӯз дар паёмҳои солонаи хеш ба Маҷлиси Олӣ зуҳуроти номатлубро чунин баҳо доданд: «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониби чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳаст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад». Албатта, мӯҳтавои Паём пеш аз ҳама самтҳову масъалаҳои гуногуни сиёсӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва соҳаҳои асосии кишварро дар бар мегирад. Аммо, дар оғози Паём баррасии вазъи соҳаҳои ҷомеа вазъи мавҷудаи байналмиллалӣ ба таври мухтасар баён гардид, зеро вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла давлатҳои исломӣ хеле муташаниҷ буда, таъсири он ба тамоми кишварҳои олам расидааст. Барои ба чунин ҳолат расидани мамлакатҳои ҷудогона ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ манфиатдор дониста мешаванд. Имрӯз олами ислом ба талаву тороҷ, ваҳшонияту даҳшат гирифтор шудааст ва аҷоибтар аз ҳама он аст, ки тамоми корҳои ғайришаръи балки аъмоли куфр аз номи дини мубини ислом анҷом дода мешавад. Ба назари ман “Ҷаҳони имрӯза дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи сиёсӣ густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хаторноки асри нав – терроризм ва экстремизм вусъати бесобиқаи бархуди манофеи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон вобаста ба ин, боз ҳам печидаву муташаниҷ гардидани бӯҳронӣ молиявию иқтисодӣ қарор дорад. Ҳамаи ин воқеияту руйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддунҳо мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузургӣ олам ва ҳатто тақдири аҳди башарро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Терроризм ва экстремизм яке аз проблемаҳои асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёни террористӣ сафарбар менамояд. Террористон гурӯҳҳои хурде буда, ба ҷомеаи имрӯза бо ҳар гуна роҳ зиён мерасонанд, дар ҳар як созмонҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра мавзӯӣ асосӣ ба пайвастани шаҳрвандон ба гурӯҳҳои тундрав равона шудааст, ки ин яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Ба оташи андешаи ботин ин гуна шахсон “ Давлати Исломӣ” сар карда то толибону ҳизбҳои дигари бо номи “Исломӣ “ равғанӣ бештар мерезанд, хабари воқеаҳои рӯзҳои охир дар давлатҳои Туркия ва Австралия, ки дар нашрия ба сайтҳои серхонандатарини ҷаҳон паҳн гардид ин андешаро дар зеҳни онҳоеро, ки исломро чун дини террористон мешиносанд, боз ҳам қавитар карду дини исломро бозҳам бадномтар. Дар замони муосир сафӣ низомиёну гурӯҳҳои террористӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бесавод, меафзояд ва ба назар мерасад, ки дар тамоми кишварҳо ҳамин гуна наврасон ба доми фиребафтода кам нестанд, ки онҳо ҷонӣ худро аз мақсаду мароми роҳбаронашон қурбон мекунанд. Ба назар мерасад, ки ноогоҳи аз аломати фарҳангӣ исломӣ ва камсаводи ҳамчун муҳимтарин олами гумроҳшавии ин ҷавонон аст. Имрӯз Тоҷикистон аз воқеаҳои ҷаҳон бетараф буда наметавонад, зеро даргирҳои Шарқӣ Наздик ба ватани мо низ таҳдид доранд. Душманони миллат ба ҳар роҳу восита мехоҳанд, фазои ороми кишвари моро халалдор намоянд, аз хориҷа истода тақдири тоҷиконро ҳал намоянд, тариқи оинаи нилгун ва шабакаҳои интернет ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд. Сиёсати пешгирифтаи ҳукуматро ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равон шудааст, мавриди интиқом медиҳанд ва мехоҳанд, ки ба воситаи қувваҳои дохилӣ аз ҷумла ҳизбу ҳаракатҳои “ Исломӣ”–и ватанӣ инчунин баъзе афродӣ ҷиноятпеша таблиғот бурда ҷавононӣ ноогоҳро фиреб диҳанд ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезанд. Тоҷикистонро давлати ҷавон ном бурдан Асосгузор сулҳу ваҳдатӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифодагарӣ он аст, ки он кас ба қувваю иродаи мо ҷавононӣ кишвар итминони комил доранд. Дар замири мо ҷавонон ҳисси баланди миллӣ, эҳсосӣ худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳамул, омӯзишу ва касбу ҳунари муосир, меҳнатдӯстӣ ва эҳтироми волоияти қонун бояд ҷилва намояд.
Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу субботи кишвар мебошем.
Курсанти курси 2 факултети №6
Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мирмаҳмедов Табрез Абдуллоевич