Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маросими хатми шунавандагони курси такмили ихтисос дар самти фаъолияти қисмҳои навбатдории ВКД

470

Дар асоси дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши кормандон дар самти фаъолияти қисмҳои навбатдории ҷузъу томҳои ВКД курсҳои такмилро ташкил намуда гузаронид.
Бояд қайд намуд, ки дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин курсҳои доимоамалкунандаи такмили ихтисос бо ташаббуси Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.
471Аз санаи 23 -уми декабри соли 2019 то 23-уми январи соли 2020, дар заминаи кафедраи такмили ихтисоси факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони самти фаъолияти қисмҳои навбатдории ВКД ба дарс ҷалб гардиданд.
Баъд аз хатми курси якмоҳа санаи 23-уми январи соли 2020 бо иштироки муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким маросими тантанавии супоридани сертификатҳо ба хатмкунандагони курси такмили ихтисос баргузор гардид.
Муовини аввали сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким зимни супоридани сертификат хатмкунандагонро бо ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо дар кори амалӣ комёбиҳо таманно намуд.

Халимзода Д.Д.,Асламов Б,С..Сафарова С.Н.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...