Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории дуҷониба

468Ҷиҳати пурқувват намудани ҳамкории дутарафа оид ба масъалаҳоии пешгирии зӯроварии хонаводагӣ санаи 22-юми январи соли ҷорӣ дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо намояндагони Барномаи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва филиали GOPA мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV) – муовини директори Барномаи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ, хонум Корин Диманж, координатори миллии Барномаи Швейтсария оид ба ҳамкорӣ Шакарбек Ниятбеков ва директори филиали GOPA мбХ дар Тоҷикистон хонум Елена Максименко баргузор гардид.
Аз тарафи Академияи ВКД дар вохӯрӣ муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, полковники милитсия З.А. Саидзода, сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М., омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД, капитани милитсия Шарифзода П.Р. иштирок намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ З.А.Саидзода қайд намуд, ки зӯроварӣ дар оила яке аз шаклҳои аз ҳама бештар паҳнгардидаи поймолсозии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мебошад ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари вохӯрию суҳбатҳояш оид ба бунёди оилаи солиму устувор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар рӯҳияи ватандустӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлотияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Новобаста аз мавҷудияти заминаи ҳуқуқии мукаммал дар Тоҷикистон то ҳол мушкилиҳо дар самти таъмини баробарҳуқуқии зану мард, татбиқи ҳуқуқи кӯдак, бастан ва бекор кардани ақди никоҳ, таълиму тарбияи фарзандон ва дигар ҳолатҳои марбути оилавӣ ҷой доранд. Мусаллам аст, ки яке аз сабабҳои асосии шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои характери террористию экстремистидошта, маҳз аз тарбияи нодурусти ҷавонон дар оила сарчашма мегирад.

469

Дар навбати худ хонум Корин Диманж иброз намуд, ки масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила актуалӣ буда, умедворӣ баён намуд, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкории самарабахши байни Академияи ВКД филиали GOPA мбХ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV) устувор хоҳад шуд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...