Пешгирии ҷинояткорӣ - вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи «Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи мукаддаси ҳар як шаҳрванд аст». ВКД яке аз сохторҳои пурқудрати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ба шумор рафта, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҳамагуна намудҳои ҷинояткорӣ нақши муассир дорад. Ҷузъу томҳои МКД дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ бо садоқати том ба дастурҳои Пешвои муаззами миллат софдилона хизмат менамоянд ва ба ҳар кирдори зиддиқонунӣ дар чорчӯбаи қонун муқовимат менамоянд.
Дар ҳамин асос дар тамоми ҷузъу томҳои ВКД дар асоси Нақшаи чорабиниҳои соли 2020 бахши махсус оид ба пешгирии ҷинояткорӣ ва корҳои тарғиботӣ-профилактикӣ пешбинӣ гаштааст.
Санаи 13-уми январи соли ҷорӣ вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо нозирони минтақавии шаҳри Душанбе баргузор гардид. Вазири корҳои дохилӣ бо ишора ба нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26-уми декабри соли 2019 вобаста ба самти фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ба хатари глобалӣ табдил ёфтани терроризму экстремизм, афзоиши ҷиноятҳо дар ин самт ва ҳидоятҳои мақсадноки Пешвои миллат баҳри пешгирӣ аз ин зуҳурот ибрози андеша намуд.
Дар баробари таъкиди муҳтаво ва моҳияти Паёми Пешвои миллат ва истифода намудан аз дастурҳои дар он баён гашта, Вазири корҳои дохилӣ мушкилоти дар минтақаҳои маъмурӣ ҷойдошта, аз ҷумла вазъи ҷинояткорӣ, хусусан бо иштироки ноболиғону ҷавонон, ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, оқибатҳои ташвишовари гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористӣ-экстремистӣ дошта ва дигар мавзӯъҳои доғи рӯзро мавриди баррасӣ қарор дод.
Зикр гардид, ки ҷиҳати беҳтар намудани шароити хизматии нозирони минтақавӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2012, таҳти №1291 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъминоти тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ», такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ва сӯҳбати озоду самимӣ, нозирони минтақавӣ барои таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати ҳалли мушкилот дар рафти фаъолияти хизматӣ таклифу пешниҳодҳои худро иброз дошанд.
Дар хотимаи вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба нозирони минтақавӣ барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо аҳолӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ошкорсозии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Санаи 20-уми январи соли 2020 ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, ки дар он дар баробари пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дикқати махсус ба пешгирии ҷинояткорӣ дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми назарраси сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар таъмини амнияти давлату миллат ва пешгирии ҷинояткорӣ махсус таъкид карданд. Дастур дода шуд, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри волоияти қонун, муайяну ошкор кардани ҷиноятҳо, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳар гуна гуруҳу созмонҳои ифротгаро корҳо тақвият бахшида шаванд.
Дар ҳамин асос аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ба тамоми ҷузъу томҳои МКД, бахсус Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонони ВКД, дружиначиёни ҷавон дастур дода шуд, ки дар таъмини амну субот, тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳхои ифротгаро, дар робита бо аҳолӣ тадбирҳои иловагӣ бахшанд. Иштироки васеи шаҳрвандон бо ҳамкорӣ бо милисия метавонад, кафили боэътимоди таъмини волоияти қонун дар саросари кишвар гардад.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н.