Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Коррупсия зуҳуроти номатлуби замони муосир.

Коррупсия зуҳуроте номатлубест,ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида ,обӯруву эътибори онро коҳиш медиҳад барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароти фароҳам меорад ва дар маҷмуъ ,боиси поймолшавии ҳуқуқӣ инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон

25Коррупсия зуҳуроти номатлуби ҷаъмиятӣ буда,омӯзиши ҷиддӣ ва мунтазам,муносибати махсус,муқобилияти комплексӣ ва оперативиро талаб менамояд. Яке аз масъалаҳои харобкунандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар доираи масъалаҳои иқтисодӣ ин коррупсия ба шумор меравад.Ин бадбахти олмшумурро мо метавонем дар байни соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон илм,фарҳанг,бонкдорӣ,хариду фуруши қоғазҳои қимматнок,молия хоҷагидорӣ ва ҳотто варзиш мушоҳида намоем. Ҳанӯз як чанд аср қабл яке аз мутафакирони бузург Ш.Л Монтеские гуфта буд,ки; «Дар натиҷаиамалҳои коррупсионӣ ,тартиботи хуби ҷаъмиятӣ аз байн рафта,дасгоҳи давлатӣ фалаҷ ва ба як чизи бекора мубаддал мегардад» ин мушкилотро мо метавонем яке аз масъалаҳои глобалӣ эълон намуда дар роҳи несту нобуд ва решакан намудани он тамоми сайру кушишро ба харҷ диҳем.
Имрӯз ин мушкилот тавониста истодааст,ки дар кишвари мо тухми худро кошта амалҳои зидди фассоди худро зиёд намояд.Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала бетарафи накарда дар давараи рушду нумуъ намудани он 25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул намуд.Бо Фармони Президенти Ҷумҳкри Тоҷикистон аз 10- уми январи соли 2007 таҳти №143 Агенти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт.Агенти назоарти давлатии ва молиявӣ бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори иназорати давлатӣ молявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ буда,назоарти давлатии молиявиро оид ба истифодаи самарабахши маблағҳои давлатӣ ва молу мулки давлатӣ барои таъмини амнияти иқтисодӣ давлат, бо роҳҳои огоҳсозӣ,пешгирӣ,ошкорсозӣ,рафъи ҳуқуқвайронкуниҳои корупсионӣ,фошнамоӣ,таҳқиқи ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои коррупсионӣ,иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд,инчунин дигар вазифаҳоеро,ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини кардаанд,иҷро менамоянд. Ҳамчунин аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда дар зери тавваҷуҳи махсуси Сарвари давлат карор дорад .Шӯрои миллии муқовимат бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,қонунҳои кониститутсионӣ,қонунҳо,Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамояд.Аз санадҳои байналмилалӣ бошад дар натиҷаи заҳмати якчанд солаи ҷомеаи ҷаҳонӣ соли 2003 Созмони Миллали Муттаҳид Конвенсияи зидди каррупсияро қабул намуд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз авалинҳо шуда 25 сентябри соли 2006 ба ин санади байналмилалӣ ҳамроҳ гардид ва ин санадҳои дохиливу байналмилалӣ тавонистаанд садди роҳи онро ба андозае гиранд.
Амалҳои коррупсионӣ асосан бештар дар байни кормандони давлатӣ ва шахсони мансабдор ба вуқуъ мепайвандад.Онҳо суистифода аз ваколатҳои хизмати истифода бурда амалҳои худро иҷро менамоянд.Амалҳои коррупсиониро ҳамчунин амалҳои «фассод», «ришва»,« пораситонӣ», «сӯдхурӣ», «хушомад задан», низ мегуянд.
Роҳбарияти давлат дар роҳи решакан ва пурра неасту нобуд кардани ин амали фассод дар каламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷуӣ намуда тамоми тадбирҳоро амали намуда истодааст.
Коррупсия аз рӯи бахшҳои паҳншавияш дар бахши давлатӣ ва дар бахши хусусӣ ба вуқуъ меояд.
Каррупсия дар бахши давлатӣ-кирдорҳои коррупсионӣ шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунӣ,ҳифзи ҳуқуқ,хизматчиёни ҳарбӣ,мақомоти худидоракуни шаҳрак ва деҳа,муассисаҳо,ташкилот ва корхонаҳои давлатиро дар бар мегирад.
Коррупсия дар бахши хусусӣ-аз он лиҳоз ҷой дошта метавонад.ки хизматчиёни ташкилоти тиҷоратӣ ва ҷаъмиятӣ захираҳои шахсан ба онҳо талуқдоштаро ихтиёрдорӣ намуда,имконият дорад ин ваколатҳоро ба манфиати шахсӣ бар зарари ин ташкилотҳо истифода барад.
Аз рӯи самтҳои фаъолият коррупсия ба шаклҳои зерин ҷудо мешавад;
1)дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ;
2)дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
3)дар соҳаи андоз ва гумрук;
4)дар сохторҳои низомӣ;
5)дар соҳаи тандурустӣ;
6)дар соҳаи маориф;
7)дар соҳаи манзилӣ-коммуналӣ;
8)дар соҳаи кишоварзӣ ва ғайра.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд,ки коррупсия бояд дар қонунгузори ҷиноӣ ва маъмурӣ ба таври пурра ҷой дода шуда бошад.Зеро ҳолатҳои коррупсионӣ дида мешавад, ки он ба ҷазои ҷиноӣ рост наомада барои ин гуна ашхос ҷазои маъмурӣ таъин намуда аз вазифаи хизматӣ озод карда мешаванд. Мо дар самти пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои коррупсионӣ дошта аз иштироки васеъи аҳолӣ,ташкилотҳои ҷаъмиятӣ ва воситаи ахбори омма васеъ истифода намуда оқибатҳои ин мушкилоти ҷомеаи ҷаҳониро ба шаҳрвандон фаҳмонем.
Дар ҷомеа мо аз ҳама ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта ин додани пора,гирифтани пора ва дигар ҷиноятҳое,ки ба муқобили ҳокимияти давлатӣ ва манфиатҳои хизматӣ дохил мешаванд,содир мешаванд.Барои решакан намудани коррупсия мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҳамарӯза кушиш ба харҷ медиҳанд.Вале «коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир буда ,мутассифона,ҳоло дар ҷумҳурӣ хеле васеъ доман паҳн намудааст.
Муалими кафедраи фанҳои умумитахасусӣ Коллеҷи милитсия Меҳрубони Ҷума курсантон Каримов М Ҷамшеди Ҷ

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...