Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои оперативӣ-тактикии хатмкунандагони Коллеҷи милитсия

282

Дар Муассисаи давлати таълими Коллеҷи милитсияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи таълими тасдиқ намудаи Сардори муассисаи мазкур номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ,подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо машқҳои ниҳоии оперативӣ-тактикӣ, таҳти унвони шартии «Ҳуҷми ногаҳонӣ ба нуқтаи ҷойгиршавии ҷинояткорони муссаллаҳ,озод намудани гаравгон» бо хатмкунандагони курсҳои 3-4 муассисаи мазкур аз санаи 6 то 11 январи соли 2020 баргузор гардид .Бояд қайд намоем, ки машқҳои оперативӣ тактики дар байни курсантон васеъ гузаронида шуда донишҳои амали курсантон баланд бардошта мешавад.Хатмкунандагон ба 4 гуруҳ тақсим шуд ба ҳар гуруҳ як афсари аз ҳисоби кормандони Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД дар ш Кӯлоб ва як афсари аз ҳисоби омӯзгорон Коллеҷи милитсия ВКД таъин шудаанд.Ба ин машқҳо кормандони таҷрибадори ДТММ дар ш.Кӯлоб майори милитсия Ҷобирзода Бахтиёр Эшон, капитанҳои милитсия Ҳикматуллозода Умед Ҳикматулло,Алиев Баҳодур Ҳисайнович ва муалимони Коллеҷи милитсия майори милитсия Одиназода Ҷ.Д,лейтинанти калони милитсия Толибзода Ҳ.С,лейтинанти милитсия Ибодулозода А.И,бо роҳбари сардори кафедраи тайёри тактикаи махсус ва омодаги ҷисмонӣ майори милитсия Хонҷонов Мизроб доир гардид. Ҳамчунин хатмкунандагони гуруҳҳо ба воситаҳои махсус аз лиҳозӣ;сипар,дасчуби резинӣ ва тоскулоҳ тамин гардида,тарзи дуруст доштани аз худ намуда доир ба тарзи истифодабари онҳ маълумоти кофи гирифтанд.
Машғулияти ниҳоии оперативӣ-тактикӣ санаи 11 январи соли 2020 дар машқгоҳи тирпарони «Момирак»-и н.Муъминобод бо иштироки Сардори Коллеҷи милитсияи ВКД подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо, кормандони ДТММ дар ш.Кӯлоб,омӯзгорон ва хатмкунандагон доир гардид.

Сардори шуъбаи таълими Коллеҷи милитсияи
майори милитсия Баҳодурзода Ю.Б курсантон
Каримов М,Ҷамшеди Ҷ.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...