Ширкати фаъоли Муҳаммадрофеи Авазхон дар семинари ҷумҳуриявӣ
Дар Академияи ВКД бо ҳамоҳангсозии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр ширкати фаъоли курсантон дар чорабиниҳои илмии сатҳи ҷумҳуриявӣ тақвият меёбад,ки онҳо соҳиби ҷоиза ва таҳсин мегарданд.
Таҳти роҳбарии омӯзгори калони кафедраи фанҳои чамъиятӣ пополковники милитсия Самъизода Бахтиёр Салим курсанти курси сеюми факултети №2 Муҳаммадрофеи Авазхон дар семинари ҷумҳуриявӣ дар Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери шиори «Тоҷикистон ба пеш!» ширкат намуда, дар байни олимон ва магистрантон дар мавзӯи «Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ,омили муҳими рушди хаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар» баромад намуд.
Марӯзаи ӯ аз ҷониби роҳбарияти Донишкадаи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд гирифт.
Ин бори нахуст нест,ки курсантони Академия дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ ҷойҳҳои намоёнро ишғол намуда,шарафи Академиро баланд мебардоранд.
Асламов Б.С.,Сафарова С.Н.,Убайдуллоев Ш.Э.