Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасии натиҷаҳои ҷаласаи Мушовараи ВКД дар Академияи ВКД

463

Рӯзи 13-уми январи соли 2020 дар Академияи ВКД таҳти роҳбарии сардори Академия, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Мушовараи ВКД ҷаласи васеи корӣ баргузор гардид. 

Сардори Академияи ВКД зикр намуд, ки санаи 11-уми январи соли 2020 дар толори Вазорати корҳои дохилӣ ҷаласаи Мушовараи ВКД оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 таҳти раёсати Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид.
Дар ҷаласаи Мушовараи ВКД Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро нахуст дастуру ҳидоятҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ дод. Аз ҷумла, дар самтҳои такмил ва коркарди як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», кодексҳои ҷиноятӣ ва андоз); “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040; баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи ташаббуси 4-уми глобалии Тоҷикистон - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 ва дигар масоили мубрам ибрози андеша намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар давоми соли 2019 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилӣ барои соли 2020 як қатор уҳдадориҳо ва вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Ҳамчунин ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани фаъолияти хизматӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ва бартараф намудани камбудию норасоиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода шуданд.
Дар ҷаласаи мазкур сардори Академияи ВКД оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидани солҳои 2020-2040; маърифати китобхонӣ, иҷрои саривақтии бандҳои Нақшаи чорабиниҳои ВКД барои соли 2020, беҳбуд бахшидани вазъи таълиму тарбия ба масъулин ва ҳайти профессорону омӯзгорон ва кормандон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Асламов Б.С., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...