Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоҳасари «Тоҷикон»- беҳтарин туҳфаи Пешвои миллат

«Мо бояд ба таърихи гузаштаамон бештар
рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон
меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро
ҷой кунем».
(Аз Паёми Пешвои миллат –
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 26.12.2019)

450Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки ҳамасола ироа мегардад, муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мебошад.
Албатта, Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла бахшҳои иқтисодӣ, саноат, энергетика, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, занону бонувон, ҷавонон, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа, вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯза, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, инчунин ба масъалаҳои ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии инсоният, маърифатнокии шаҳрвандон, худшиносиву худогоҳии онҳо равона гардидааст.
Бахши муҳиме, ки дар Паёми Пешвои миллат, вобаста ба фарогирии шаҳрвандон, хосатан наврасону ҷавонон ба омӯзиш ва баҳрабардорӣ аз таҷрибаи миллати куҳанбунёд баррасӣ гардид, масъалаи рӯ овардани ҷомеа ба омӯзиши китобу китобдорӣ мебошад.
Вобаста ба масъалаи мазкур, дар Паёми Пешвои миллат зикр карда шуд, ки «… ҳар як фарди бедордил бояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад, ба мутолиаи китоб диққати аввалиндараҷа диҳад ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд».
Воқеан, китоб пурқимматтарин падидаи фарҳангист, зеро одамони бомаъри¬фати олам китобро чун гавҳари қимматбаҳо, сарчашмаи дониш, воситаи таълиму тарбия, фароғат, васият ва мероси як насл ба насли дигар пазируфтаанд. Ҳалқи тоҷикро ҷаҳониён, аз замони қадим таввасути илм, адабиёт ва санъаташ мешиносанд, ки онҳоро маҳз китобҳо ҳифз ва баррасӣ намуда, то замони мо овардаанд.
Китоб, пеш аз ҳама, неруи бузург аст. Ин бузургтарин эъҷоз, ки худи инсон эҷод кардааст, дар худ тамоми донишро аз хусуси ҳаёт ва ҷаҳон, тамоми таърихи рӯиши ақли инсонӣ, тамоми заҳмати таърихӣ ва таҷрибаи халқҳои рӯи заминро таҷассум бахшидааст. Китоб тавонотарин силоҳи тараққиёти минбаъдаи неруҳои ақлонии инсоният мебошад.
Имрӯз ҳам китоб шиносномаи шоистаи миллати мост. Китоб шамъи дили инсон, роҳбару роҳнамои ӯ дар зиндагист, ки аз нури ӯ метавон тавассути рӯ овардан ба ин ганҷи бебаҳо, ки маҳсули маънавиёти инсоният мебошад роҳи худро дар зиндагӣ дарёфт ва интиқоли чунин арзишҳоро ба насли оянда армуғон боқӣ гузошт.
Ҳарчанд, ки миллати тоҷик аз қадимулайём соҳиби китобу китобдорӣ буда, ба ҷаҳониён арзишҳои муҳимму муқаддасеро ба мерос гузоштааст, аммо солҳои охир таваҷҷуҳи ҷомеа, алалхусус насли наврас ва ҷавонон ба омӯзиши ин ганҷи бебаҳо, каме коста гардидааст. Ин аст, ки нигаронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба ин соҳа низ равона гардида, аз ҷумла қайд карда шуд, ки «… тибқи таҳлилҳо вақтҳои охир дур шудан аз китобхонӣ яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар байни хонандагону донишҷӯён ва омӯзгорони онҳо мебошад». Ин нуқта, моро водор месозад, ки нисбати китобу китобхонӣ ва рӯй овардан ба осори пурғановати ниёгон саъю кӯшиш намоем.
Бо мақсади ҷоннок намудани раванди мазкур, Пешвои миллат ҳанӯз дар суханроии хеш бахшида ба Рӯзи дониш, Вазорати маориф ва илм, роҳбарони муассисаҳои таълимиро вазифадор намуданд, ки муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ назорат кунанд ва барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд.
Хушбахтона, имрӯз боз ҳам заковату дурбинии хирадмандонаи Президенти мо буд, ки ду ташаббуси дигар, ду иқдоми хеле зарурӣ, ду чорабиние, ки ҳадафҳои бузурги худшиносии миллиро пайгирӣ карданд, хеле зуд натиҷаҳои самарабахш доданд. Инҳо озмунҳои “Тоҷикистон ватани азизи ман” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ” мебошанд, ки як такони бедоркунанда ва гарму нерубахше ба ҷомеа, хусусан ба ҷавонон доданд. Ин озмунҳо мардуми моро ба асолати миллии худ, яъне илму донишу фарҳанг, ки сарчашмаашон китоб аст, бозгардонд. Хеле хурсандибахш аст, ки дар Паёми навбатии Сарвари давлатамон эълон гардид, ки ин ду озмуни маърифатофар минбаъд ҳамасола роҳандозӣ ва дастгирӣ хоҳанд шуд.
Омӯзишу нигориши таърихи пурарзиши миллат ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дошта, дар тамоми суханронӣ ва баромадҳои хеш атрофи ин масъала назару пешниҳоди илман асоснокгардидаи хешро баён медоранд. Ҳамзамон, олимону донишмандони кишварро ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, ҳидоят менамоянд.
Боиси хурсандӣ аст, ки санаи 4 сентябр дар Тоҷикистон «Рӯзи китоб» таҷлил мегардад. Ин ҷашн ҳануз соли 2007 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни гузоштани санги асос ба бунёди Китобхонаи миллии Тоҷикистон эълон гардида буд. Он вақт Сарвари давлат зикр намуданд, ки «бо дарназардошти аҳамияти бузурги китобу китобдорӣ ва донишу маърифат пешниҳод менамоям, ки дар қатори идҳои дигар рӯзи оғози сохтмони Китобхонаи миллӣ ҳамчун Рӯзи китоб муқаррар карда шавад». Албатта, дар рӯзҳои аввали оғоз гардидани соли таҳсил таҷлили Рӯзи китоб басо рамзист.
Дар робита ба ин, бо мақсади ошноии ҳарчи бештари сокинони кишвар ба омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик, Пешвои муаззами миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ супориш доданд, ки «…шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби “Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг ва Академияи илмҳо вазифадор карда мешаванд, ки китоби мазкурро ба забонҳои байналмилалӣ тарҷума ва чоп карда, нусхаи электронии онро тавассути шабакаҳои иттилоотӣ паҳн созанд».
Албатта, аз номи Пешвои миллат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа гардидани китоб ҳамкун хотира, пеш аз ҳама самимияти Пешворо ба ҳар як фарди сарзамини Тоҷикистон ва эҳтироми шахсии ин чеҳраи сарсупурдаи миллатро ба арзишҳои милливу давлатӣ нишон медиҳад.
Вобаста ба тадбиқи амалии нуқтаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар, имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, вазорату идораҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ тадбирҳои созандагӣ амалӣ гардида истодаанд. Вазорати корҳои дохилӣ ва тамоми ҷузъу томҳои он, алалхусус Академияи ВКД бо мақсади амалигардонии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки дар Паём зикр гардиданд, нақша-чорабиниҳои алоҳидаро ба тасвиб расонидааст, ки яке аз бандҳои асосии онро масъалаи омӯзиши китобу китобдорӣ ва баргузор намудани озмунҳо дар ин самт ташкил медиҳанд.
Бойзода Ҷамшед Ҷумъабой
Самиъзода Бахтиёр Салим
Омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...