Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи китобхонӣ дар Академияи ВКД

459

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 масоили пурраи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистони маҳбуб буда, як барномаи мушаххаси корӣ барои истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

460

Яке аз нуқтаҳои муҳими Паёми мазкур ин боз ҳам баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва фарҳангии шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Чи тавре, ки Пешвои муаззами миллат ба Паём ба Маҷлиси Олӣ дастур доданд, ки дар тамоми корхонаву идораҳои давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, миёна ва олӣ кормандон ва донишҷӯён ба мутолиаи китобҳои бадеӣ ва илмӣ шуғл варзанд.
Дар ҳамин асос дар Академияи ВКД бо иқдоми роҳбарият барои курсантон ҳамарӯза ва барои кормандону омȳзгорон рӯзи ҷумъа ҳамчун рӯзӣ китобхонӣ эълон гардид. Аллакай шурӯъ аз санаи 10 январи соли ҷорӣ дар китобхонаи умумии Академияи ВКД тамоми кормандон ва омȳзгорон ҷамъ омада ба интихоб ва мутолиаи китобӣ бадеӣ ва илмӣ машғул гардиданд.

461

Ҷунин иқдом шавқу завқи кормандони Академияро нисбат ба китоб ҳамчун сарчашмаи дониш боз ҳам бедортар намуда, боиси он гардид, ки ҳарчи бештар онҳо ба осори бадеии адибони класик ва муосири тоҷик ва намунаҳои адабиётҳои ҷаҳонӣ аз наздик шинос шуда, сатҳи фарҳангии худро боз ҳам баланд бардоранд.
Асламов Б., Сафарзода С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...