Ғолиби озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин
Омӯзгори ҷавони кафедраи Ташкили тактикаи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №6-и Академияи ВКД, лейтенанти милитсия Раҷабалиён Абдулҳаким Раҷабалӣ дар озмуни ҷумҳуриявии мақолаи беҳтарин бо ибтикори Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Пешвои миллат поягузори сулҳ ва меъмори ваҳдат ” бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, дар байни кулли донишҷӯёни кишвар ғолибият ба даст оварда, соҳиби диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ гардид.
Роҳбарият ва шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Раҷабалиён Абдулҳаким Раҷабалиро бо ин комёбии илмӣ табрику таҳният гуфта, ба ӯ эҷоди тозаро дар соли 2020 таманно дорад.
Асламов Б.С., Одинаев Ш.И.