Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дилангез Абдуллоева – иштирокчии фаъоли озмуни «Донишҷӯи сол-2019»

455Аз санаи 22 то 24-уми декабри соли 2019 дар шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2019» баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз тамоми донишкадаю донишгоҳҳо донишҷӯёни фаъоли кишвар ширкат намуданд.

Бори нахуст аст, ки бо сарпарастии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯи сол-2019» баргузор гардид, ки баҳри ҳавасмандгардонии донишҷӯён нақши муассир мебозад.
Боиси ифтихор аст, ки курсанти курси чоруми факултети №2 Абдуллоева Дилангез дар озмуни мазкур бомувафаққият ширкат намуда, соҳиби диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

456

Роҳбарият ва ҳайати шахсии Академияи ВКД Абдуллоева Дилангезро барои иштироки фаъол дар озмуни «Донишҷӯи сол-2019» табрику тахният намуда, комёбиҳои нав ба навро орзу менамоянд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...