Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баррасӣ, омӯзиш ва роҳҳои тадбиқи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ

453Рӯзи 6-уми январи соли 2020 дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Академия, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ баррасӣ, омӯзиш ва роҳҳои тадбиқи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ бо ҳайати шахсии доимӣ баргузор гардид.

Нахуст сардори Академияи ВКД иброз намуд, ки Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ин як барномаи мукаммали фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ, аҳли ҷомеаи Тоҷикистон ба истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвари азизамон аст, ки ҳар як корманди Академия онро бояд сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳад, чунки ин қадар заҳматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободӣ ва гул-гулшукуфии Тоҷикистони маҳбуб равона гаштааст.
Барои баррасӣ, омӯзиш ва тадбиқи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ сардори Академия ба шахсони масъул супориш дод, ки Накшаи кории дар амал тадбиқ намудани нуқтаҳои Паёми мазкурро мураттаб намуда, барои тасдиқ ва пешбурди кор дар ин самт пешниҳод намоянд. Дар асоси эълон намудани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар заминаи факултети №5 истеъдодҳои ҷавон дар ин ҷода пайдо карда шавад ва онҳо ҳамаҷониба дастгирӣ карда шаванд. Завқу шавки курсантон аз ҷониби омӯзгорон бедор карда шавад, ки онҳо дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона ширкат намоянд. Сарчашмаи тайёр намудани мутахассис ин пеш аз ҳама омӯзгорон мебошанд. Ба роҳбарони факултетҳо ва шуъбаҳо супориш дода шуд, ки ҳар як семоҳа озмуни «Фуруғи субҳи доноӣ» дар байни курсантон ва омӯзгорон гузаронида шавад. Барои курсантон ҳамарӯза ва барои омӯзгорон ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа баъди дарсҳои ҳатмӣ рӯзи китобхонӣ дар китобхонаи умумии Академия ташкил карда шавад.
Ба роҳбарияти Академия супориш дода шуд, ки дар якҷоягӣ бо мутахассисони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат дар заминаи Академия курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзӣ бо бонувон ташкил ва гузаронида шавад.
Ҳамчунин дастурҳои мушаххас оид ба сифати таълиму тарбия ва ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон дода шуд.
Ҳайати омӯзгорон ва кормандони Академия баррасӣ, омӯзиш ва роҳҳои тадбиқи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олиро бо қаноатмандии том пазируфта, бо руҳияи баланди корӣ дар соли 2020 ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...