Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тақдими тӯҳфаҳои солинавӣ ба курсантони Коллеҷи милитсия

448

Бо дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар иду ҷашнвора ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида мешаванд. Чунин як иқдоми неки Сарвари давлат аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо супоридани тӯҳфаҳои солинавӣ ба курсантони Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Кӯлоб дар арафаи таҷлили ҷашни Соли нави мелодӣ сурат гирифт. 

Тӯҳфаҳоро дар вазъияти тантанавӣ ба курсантон муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Раҳимзода Амрохон, сардори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Умари Хайём Амиршо ва сардори шуъбаи тайёрии кадрҳои Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД, подполковники милитсия Набизода Маҳмадсаид Исмон тақдим намуданд.
Ҳамзамон дар рафти чорабинӣ муовини сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Раҳимзода Амрохон баромад намуда, матни табрикоти солинавии Вазири корҳои дохилиро ба иштирокчиён расонида, қайд намуд, ки курсантон зиракии сиёсиро аз даст надода, ҷавобан ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат дар таҳсил кӯшишу ғайрат намоянд ва ба дастовардҳои назарас ноил шаванд, зеро имрӯз Ҳукумат ба ҷавонони далеру шуҷоъ такя менамояд.

449

Сардори МДТ Коллеҷи милитсия, подполковки милитсия Умари Хайём Амиршо дар навбати худ аз номи ҳайати шахсӣ миннатдорӣ баён намуда, ваъда дод, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро саъю кӯшиши худро ба он равона менамоянд, ки кадрҳои воқеан ҳам ҷавобгӯ ба талаботи замони муосирро тарбият намоянд.

Сардори шуъбаи таълими
Коллеҷи милитсияи ВКД,
майори милитсия Баҳодурзода Ю.Б
ва курсант милитсияи қаторӣ Каримов М.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...