Омӯзиши Паёми Пешвои муаззами миллат дар Академияи ВКД
Дар Академияи ВКД бо иштироки васеи роҳбарият, ҳайати шахсӣ омӯзиши Паёми Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-декабри соли 2019 баргузор гардид.
Нахуст дар бораи аҳамияти Пешвои муаззами миллат муовини аввали сардори Академия генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким маълумот намуда, иброз намуд,ки ин Паём- роҳнамои миллати тоҷик барои ояндаи нек мебошад,ки аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад.
Сипас муаллими калони Академия,аълочии маориф ва илм, подполковники милисия Самиъзода Бахтиёр Салим бо маърӯзаи «Нақши Пешвои муаззами миллат дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ» баромад намуда, диққати ҳозиринро ба нуқтаҳои асосии Паём,бахусус болобурдан сифати таълиму тарбия,китобхонӣ,20-солаи рушди донишҳои табиӣ ,техникӣ ва даққик барои насли ояндаи кишвар баён намуд.
Омӯзиши Паёми Пешвои муаззами миллат дар Академияи ВКД дар руҳяи баланди ватандӯстона баргузор гардида,дар фарҷом аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ба курсантони ятим ёрмандии ичтимоӣ расонида шуд.
Асламов Б.С.,Сафарова С.Н.,Убайдуллоев Ш.Э.