Таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ба собиқадорони Академияи ВКД
Чун анъана дар рӯзи таҷлили иду ҷашнҳо бо супориши роҳбарияти ВКД ва сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ нисбати собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ ғамхориҳои хосса зрҳир карда мешавад.
Аз ҷумла, санаи 28 декабри соли ҷорӣ гурӯҳи кормандони Акдемияи ВКД таҳти роҳбарии муовини сардори Академия, полковники милитсия Ализода А.Ш. ва сардори шуъбаи кадрҳо полковники милитсия Абдулозада А.Ё. ба аёдати собиқадорони Акдаемияи ВКД рафта, онҳоро аз наздик бо туҳфаҳои солинавӣ аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва аз номи садори Акдаемия самимона табрик намуданд.
Собиқадорон аз ин иқдом руҳбаланд гардида ба роҳбарияти ВКД ва Акадеимияи он изҳори сипос намуданд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.