Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАБРИКНОМА БА МУНОСИБАТИ УНВОНИ БАЛАНДИ ИЛМӢ

442Мутобики банди 18 Низомномаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, банди 116 “Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор)” (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри 2016, №505) ва Фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 2019, таҳти №291 ба сардори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия ҲАЙДАРЗОДА ШОМУРОД ҲАЙДАР унвони илмии ДОТСЕНТ аз рӯйи ихтисоси “Педагогика” дода шудааст.
Роҳбарият, ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкори худро ба муносибати гирифтани унвони илмии баланд бо самимияти саршор таҳният гуфта, саодати рӯзафзуни рӯзгор, осудагӣ ва дар корҳои илмӣ-тадқиқотии минбаъда комёбиҳои беназир таманно доранд.

Шӯъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...