Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истиқболи идонаи Соли Нави мелодӣ дар Академияи ВКД

440

Гузаронидани чорабиниҳои идона бо ташаббуси роҳбарият дар Академияи ВКД анъанаи нек гардидааст. Ҳар як иду рӯзҳои таърихӣ бо шукуҳу шаҳомати хос ва руҳи болида дар Академия ҷашн гирифта мешавад. Инак ба истиқболи Соли Нави мелодии 2020 ҳайати шахсии Академия ва роҳбарият бо оростани арча соли 2019-ро ҷамъбаст намуда, дар фазои хурсандӣ аз Соли Нав истиқбол намуданд.
Нахуст Бобои барфӣ ва Барфак бо туҳфаҳои солинавӣ ба гирди арча наздик шуда, кудакону наврасони кормандони Академияро табрик намуда, таҳти садо додани оҳангу мусиқӣ дилхушӣ намуданд. Ҳамчунин ба муносибати фарорасии соли нави 2020 муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Кабирзода Ҷурахон Ҳаким ҳайати шахсӣ ва меҳмононро аз номи Вазири корҳои дохилӣ ва роҳбарияти Академия самимона табрик гуфт.

441

Сипас дастаи ҳунарии корманд - ҳаваскорони Академия таҳти роҳбарии Лақаев Сайфиддин бо барномаи фарҳангию фароғатӣ табъи ҳозиринро шод намуда, ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшиданд.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...