Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти Вазири корҳои дохилӣ ба иштирокчии ҶБВ Голиков Н.П.

437

Дар арафаи Соли Нави мелодӣ бо супориши Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Созмони собиқадорони ВКД генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода С.Қ., сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ, раиси Шӯрои собиқадорони Академияи ВКД, полковники мустаъфӣ Ғуломов М.Ғ., кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ва Маркази матбуоти Академия ба аёдати собиқадори ҶБВ Голиков Николай Петрович ташриф оварданд.
Боиси хурсандист, ки Голиков Н.П. синни мубораки 100 солагиро пурра намуд. Аз номи Вазири корҳои дохилӣ собиқадори ҶБВ-ро раиси Созмони собиқадорон ва сардори Академияи ВКД самимона табрик намуда, туҳфаҳои идонаро ба ӯ супориданд.
Дар навбати худ Голиков Н.П. бо руҳи болида ва қаноъатмандии том изҳори миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои дохилӣ расонид, ки мунтазам барои собиқадорони ВКД, махсусан иштирокчиёни ҶБВ ғамҳориҳои хос зоҳир менамоянд.

438439

Дар вохӯрии мазкур иштирокчиёни он бори дигар Голиков Николай Петровичро ба муносибати 100-солагиаш, ҳамчунин фарорасии Соли Нави мелодӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии комил ва умри дарози бобаракат таманно намуданд.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...