Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таассуроти амиқ аз тамошои Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ

433

Чун анъана Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Паёми навбатии хеш баромад намуданд.

434

Дар ҳамин асос ҳайати шахсии Академияи ВКД дар толори фарҳангӣ бо мароқи том Паёми Пешвои муаззами миллатро ба Маҷлиси Олӣ тавассути шабакаи телевизионӣ тамошо намуданд.
Дар Паёми навбатӣ сухан аз дастовардҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории миллӣ, истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоляти давлатӣ рафта, иброз гардид, ки дар асоси пешрафти иқтисодии кишвар сатҳи зиндагии мардум боз ҳам боло рафта, давлату Ҳукумати Тоҷикистон боз ҳам дар ин ҷода чорабиниҳои мушаххас мегузаронанд.

435436

Ҳайати шахсии Академияи ВКД аз тамошои дастаҷамъонаи Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ таассуроти амиқ бардошта, тасмим гирифтанд, ки дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, бо хониши хубу аъло ва интизоми намунавӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...