Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

МАШҚҲОИ ОПЕРАТИВӢ-ТАКТИКӢ ДАР СОХТОРҲОИ АМАЛӢ

428

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №3 аз 25-26 январи соли 2008, оғоз аз соли 2009 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳо бо ихтисоси огоҳонӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда омода карда мешаванд.
Тибқи нақшаи таълимии факултети №5 барои ихтисоси огоҳонӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулодда, ки аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, барои курсантони курси 5 ихтисоси мазкур аз санаи 23 то санаи 30 декабри соли 2019 машқҳои оперативӣ-тактикӣ гузаронида шуда истодааст.

429430

Бинобар ин ва ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба байни Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат, машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумаки амалии кормандони ин ниҳод гузаронида шуда истодаанд. Тибқи мактуби роҳбарияти Академия кормандони масъули маркази мазкур тамоми чорабиниҳоро ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ андешида истодаанд.

431432

Бояд қайд намуд, ки гузаронидани машқҳои мазкур дар сохторҳои амалӣ барои мустаҳкам намудани дониши назариявии курсантон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо ҷиҳати фаъолияти амалӣ мусоидат менамояд.
Нуруллозода М., сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодда, капитани милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...