Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар Академияи ВКД

425

Дар Академияи ВКД дар асоси нақшаи таълимӣ ва фармоиши сардори Академияи мазкур моҳи декабри соли ҷорӣ машқҳои оперативӣ-тактикии курсҳои 5-уми факултетҳои №2 ва №5 гузаронида шуд.
Дар машқҳои оперативии тактикии мазкур шунавандагони факултети №1 ва кормандони амалии Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД, ки ба курсҳои такмили ихтисос ҷалб шуда буданд, фаъолона ширкат намуда, ба курсантон барои тарзи дурусти ташкили фаъолияти оперативӣ-хизматӣ дастурҳои мушаххас доданд.
Ҳамчунин онҳо то охир машқҳои оперативӣ-тактикиро назорат намуда, ба роҳбарияти Академия иттилоъ доданд, ки аксарияти курсантон ба моҳияти машқҳои мазкур сарфаҳм рафтанд.
Дар баробари ин ба машқҳои оперативии мазкур кормандони Хадамоти кинологии ВКД ва сагҳои хизматӣ барои дарёфт намудани маводҳои ҷинояткорони эҳтимолӣ сафарбар гардиданд.
Дар рафти машқҳои оперативӣ-тактикӣ курсантон бо амалияи ШВКД-ҳо оиди чамъоварӣ ва таҳлили маълумот, фаъолияти қисми навбатдорӣ, мураттабсозии парвандаҳо ва ташкили дурусти фаъолияти ШВКД-ҳо шиносоӣ пайдо намуда, дар назди устодони ботаҷриба аз санҷиш гузаштанд.

426427

Курсантони курси 5-ум пас анҷоми машқҳои оперативӣ - тактикӣ ва супоридани санҷишу имтиҳонот ба таҷрибаомӯзии амалии ШВКД-ҳо шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафарбар мегарданд.
Асламов Б.С., Сафарова С.Н., Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...