Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории машқҳои оперативӣ-тактикӣ дар шаҳри Хуҷанд

422

Мувофиқи нақшаи гузаронидани машқҳои оперативӣ-тактикӣ бо номи шартии «Кофтуков-2019» санаи 23-юми декабри соли ҷорӣ бо иштироки сардори факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Насуриён Пулод Асадулло ва кормандони РВКД дар вилояти Суғд, сардори шуъбачаи Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати мазкур подполковники милитсия Мирзоев А. ва ваколатдори калони шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД подполковники милитсия Хушвахтов Ш. дар толори факултет маҷлиси ташкили оперативӣ гузаронида шуда ба курсантон мақсаду мароми гузаронидани амалиёт фаҳмонида дода шуд.

423
Баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳо кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ дар якҷоягӣ бо кормандони РВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, кафедраҳои Ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии мақомоти корҳои дохилӣ ва Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мурофиавӣ нақша-чорабиниҳои муштарак тартиб дода, дар асоси он курсантони курси 5 ба 3-гурӯҳҳои таълимӣ тақсим карда шуданд, аз ҷумла, гурӯҳи 501 дар самти фаъолияти маъмурӣ, гурӯҳи 502 дар самти ҳуқуқи ҷиноятӣ ва гурӯҳи 503 дар самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ. Машғулиятҳо мувофиқи ҷадвали тартиб додашуда то санаи 28 декабри соли 2019 идома меёбанд.

Комилзода З.К., и.в. сардори кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...