Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шиносоии курсантон аз мавзеъҳои таърихии кишвар

421

Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бахшида ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», санаи 20-уми декабри соли 2019 курсантони курси 4-ум таҳти роҳбарии кураторони гурӯҳҳои 401 (Хоҷазода О.Г.), 402 (Муйдинзода С.А.), 403 (Ибрагимзода Ҷ.И.), сардори курс (Абдувоҳидов А.) ва муовини сардори курс (Сайфиддинов И.) барои аз наздик шинос шудан ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ташриф оварданд.
Дар даромадгоҳ корманди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Мирзоева И.П. курсантонро пешвоз гирифта ба курсантон аз таърихи осорхона маълумот дода, онҳоро бо ёдгориҳои таърихии он шинос намуд.

Ҳоло осорхонаи вилоятӣ аз ду толори хурд ва се толори калон иборат буда, дар онҳо беш аз 15 ҳазор нигораҳо маҳфузанд. Ҳамарӯза ба ин осорхона шумораи зиёди сайёҳони хориҷиву дохилӣ ташриф оварда, бо таъриху фарҳанги тоҷикон ошно мегарданд.
Толори тамаддуни ориёӣ ба ифтихори соли бузургдошти тамаддуни ориёиҳо (с.2006) бахшида шудааст. Ин толор аз тарафи рассом, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, Арбоби санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷураев Ғафурҷон ороиш ёфтааст (бо мушовирии профессор С.Ш.Марофиев). Толори тамаддуни ориёиҳо бо рамзи ориёии болои матоъ, ки аз тарафи рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кашидадӯз Зулфия Баҳриддинова дӯхта шудааст, оғоз меёбад.
Толори якум «Ҳаёти одамони асри санг» номгузорӣ гардидааст. Мушовири ин толор (ғop) профессор С. Ш. Марофиев мебошад. Ин толор (ғop) аз тарафи Ёдгоров Комилҷон - рассоми халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, бо омезиши ду санъат: рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ ороиш дода шудааст.

Ҳайкали Темурмалик - Қаҳрамони халқи тоҷик - ин муҷассама аз тарафи муҷассамасози ҷавону боистеъдод Давронҷон Раҳматов - дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Камоли Хуҷандӣ сохта шуда, баландиаш 3,5 метр ва истифодаи 4-тонна метали биринҷӣ фароҳам гардидааст.
Ҳамчунин дар Осорхона хонаи миллии дар шаҳри Хучанд сохта шуда, ба намоиш гузошта шудааст.
Наздики як аср мешавад, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғд мероси барҷомондаи вилоят ва шаҳри Хуҷандро бе шикасту рехт ҳифз намуда, онро ба наслҳои оянда интиқол медиҳад.
Аз тамошои қасри овозадори Осорхонаи Қалъаи Хуҷанд курсантон таассуроти баланди маънавӣ бардоштанд.
Муйдинзода С.А., куратори курси 4 гурӯҳи 402, лейтенанти калони милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...