Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дарси намунавӣ дар Академияи ВКД

419

Дар асоси нақшаи таълимии Академияи ВКД ва дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ оиди баланд бардоштани такмили ихтисоси кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар заминаи факултети №3 Академияи ВКД курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисоси кормандони дастгоҳи оперативии ВКД созмон дода шудааст.
Дар курсҳои мазкур дар баробари устодони Академия ба раванди таълим роҳбарони мақомотӣ дахлдор ҷалб гардиданд. Аз ҷумла, санаи 25 декабри соли ҷори муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД полковники милитсия Раҳмонзода Хуршед дар мавзȳи «Асосҳои ташкили тактика ва услуби кори оперативӣ» дарс гузаронида, аз фаъолияти амалии дастгоҳҳои оперативӣ дар ошкор намудани ҷиноятҳо ба шунавандагон маълумоти муфассал дод. Дарси мазкур аз ҷониби шунавандагон ба хубӣ пазируфда шуда, бо саволу ҷавоб анҷом ёфт.

420

Тазаккур бояд дод, ки мунтазам бо иқдоми сардори Академия ба раванди таълим роҳбарони бахшҳои гуногуни МКД ҷалб гардида, он барои аз худ намудани фанҳои таълимӣ самараи хуб медиҳад.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...