Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳадиси меҳр

Ҳар киро устод набувад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.

417

Устод мисли чароғест, ки ба маърифати саршори хеш дилҳои моро ба самимияту муҳаббат пурнур мегардонад. Ӯ силсилаҷунбони тақдир ва ҳидоятгари бани башар ба ояндаи пурсаодат асту дар ҳаёти ҳар як шахс нақши абадӣ мегузорад, поягузори офарандаи сиришти маънавии инсон ҳисоб меравад.
Санаи 23-юми декабри соли 2019 дар факултети № 4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон устоди арҷманд, полковники милитсия Эгамбердиев Уралбойро бо ҷашни 70 солагӣ аз тарафи роҳбарияти факултет, ҳайати шахсӣ ва тағйирёбанда табрик намуданд.
Меҳнати ҳалолу софдилона масъалаҳои зиёдеро дар руҳияи ватандӯстӣ, тафаккури миллӣ ва худшиносӣ, эҳтироми муқаддасоти фарҳангӣ, таърихӣ ва миллӣ, ҳурмати падару модар, насли калонсолу ҳифзи ҳуқуқ тарбия намудаанд. Аз ин рӯ худованд бо ҳамду сипоси боадаб бафароғат ва чашидани меваҳои шаҳдогини зиндагӣ бар ивази заҳматҳои тӯлонӣ муносиб гардонид. Бошад, ки неъмати фаровони зиндагӣ ҳамеша насибашон бошад.
Ӯ нафаре ҳаст, ки бо садоқату хизматҳои беназираш барои таҳкими сулҳу осоиштагии ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, тартиботи ҷомеа соҳиби эҳтирому ихлоси ҳамагон гаштааст.
Солиёни дароз меҳнат карда, дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос саҳми арзанда гузошта дар байни кормандону шогирдон бо хизматҳои беназириаш маълум мебошад ва шоистаи таҳсину эҳтироми ҳамагон гаштааст. Ӯ бо туфайли меҳнати софу беғараз сазовори обрӯю эҳтиром гардидааст. Чунин обрӯю эътибори ҳақиқиро танҳо инсонҳои покдил, накӯкор метавонанд сазовор гардад, зеро ин тоифа инсон танҳо меҳнати ҳалол, меҳнати бурдборона ва садоқатмандона машҳур мегардад.
Маҳз тавассути хизмату меҳнати ҳамин гуна шахсон давлат ҳимоятгару сарпаноҳ дорад.
Дар маҷлиси асосӣ сардори факултети №4-и Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А., суханронӣ намуда нисбат ба меҳнати ҳалолу софдилонаи устод изҳори миннатдории хешро баён намуда гуфт: «Албатта рафоқати мо пайваста идома меёбад ва мо умедвор ҳастем, ки бо насиҳатҳову раҳнамоиҳоятон моро сарфароз мегардонед».
Мо кормандони факултет бароятон офияти пайваста, сарбаландӣ, саодату хушиҳо ва беҳтарин неъматҳову давлату осоиштагии пириро хоҳонем.
Иқбол ёру Худо мададгоратон бод!
Муқимзода М.М., муаллимаи калони кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...