ТАБРИКОТ
Роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва ҳайати тағйирёбандаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати бомуваффақият ҳимоя намудани тадқиқоти диссертатсионӣ ва соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқ гардидан Ҳайдарзода Зафар Пирмаҳмадро бо самимияти беандоза муборакбод гуфта, музаффариятҳои беназирро хоҳонанд.
Расидан ба чунин як дараҷаи волои илмӣ пеш аз ҳама барои аҳли қалами Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беҳтарин ба шумор меравад. Чунин арзёбии олимони мо беш аз пеш аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки танҳо баҳри рушду равнақи миллату Ватан равона карда шудааст, бармеояд.
Бо боварии том гуфта метавонем, ки дастоварди Шумо баҳри пешбурди фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳавасманд гаштани олимони ояндаи ин даргоҳи илму маърифат, мусоидат хоҳад кард.
Шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон