Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хатми курси такмили ихтисос дар самти нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сухтор

479

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа ҳисобида, тамоми шароитҳоро барои онҳо муҳайё месозад. Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар вохӯриҳояш бо ҷавонон иброз менамояд, ки онҳо таҷриба, малака ва маҳорати насли калонсолро омȳхта, дар ҳаёти ҷамъиятӣ татбиқ созанд.
Вобаста ба нақшаи тасдиқгардида аз тарафи Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани курсҳои кӯтоҳмуддати такмили ихтисос дар заминаи факултети №3 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори ҷузъу томи СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳи декабри соли 2019 ба нақша гирифта шуда буд. Чиҳати баланд бардоштани савияи дониш ва тайёр намудани кадрҳои баланд ихтисос ва болаёқат дар факултети номбурда аз рӯзи 9-ум то 20-уми декабри соли 2019 кормандони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-нафар ба дарс фаро гирифта шуданд.

480

Санаи 20-уми декабри соли ҷорӣ аз ҷониби муовини аввали сардори Академияи ВКД генерал-майори милитсия, Қабирзода Ҷ.Ҳ. ба 24 нафар кормандони СХДО ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронӣ ва табрикот шаҳодатномаҳо супорида шуд.
Ҳалимзода Д.Д., Сафарова С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...