Вохӯрии сардорони ШВКД бо курсантон
Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ ва иқдоми Вазири корҳои дохилӣ дар заминаи факултети №1 Академияи ВКД курсҳои кутоҳмуддати такмили ихтисоси сардорони ШВКД шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил карда шудааст.
Дар баробари таҳсил сардорони ШВКД-ҳо бо мусоидати роҳбарияти Академияи ВКД ба чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ ҷалб карда мешаванд. Аз ҷумла, санаи 19 декабри соли ҷорӣ вохӯрии сардорони ШВКД шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо курсантони курси чоруми таҳсили рӯзонаи Академияи ВКД баргузор гардид.
Дар вохурӣ роҳбарияти Академияи ВКД, сардорони фкултетҳои №1 ва №2, сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо ширкат намуданд. Роҳбарони МКД дар вохӯрӣ бо курсантон иброз намуданд, ки бо ибтикори Пешвои муаззами миллат ва Вазири корҳои дохилӣ тамоми шароитҳои корӣ муҳайё карда шудааст, аз Шумо курсантон танҳо талаб карда мешавад, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, барои хизмати содиқона ва беғаразона баҳри ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва мубориза зидди ҷинояткорӣ худро аз лиҳози ҷисмонӣ ва маънавӣ омода намоед.
Омȳзгорони Академия барои ин бо Шумо машғулиятҳо мегузаронанд, ки он аз аҳамияти назариявӣ ва амалӣ холӣ нест.
Дар фарҷом курсантони Академияи ВКД иброз намуданд, ки аз вохӯрии мазкур таассуроти баланд бардошта, дараҷаи маърифатнокии худро оиди фаъолияти милитсия дар ҷомеа такмил доданд.
Асламов Б., Сафарова С., Убайдуллоев Ш.