Конференсия илмӣ-амалӣ бахшида ба 71-умин солгарди рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар шакли он-лайн
Мутобиқи Барномаи мақсаднок барои соли 2019 ва Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва фаъолияти илмӣ байни Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Уфа, санаи 18-уми декабри соли 2019 конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами давлат ва ҷомеа дар соҳаи таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» (Актуальные проблемы государства и общества в области обеспечения прав и свобод человека и гражданина), ки ба 71-умин солгарди рӯзи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон бахшида шудааст, дар режими он-лайн гузаронида шуд.
Дар конференсияи байналмилалӣ мутахассисони Донишгоҳи корҳои дохилии Муғулистон, Суди Олии Ҷумҳурии Башкоркостон, Академияи ВКД Ҷумҳурии Қирғизистон, Академияи хизмати давлатӣ ва идоракунии назди Роҳбари Ҷумҳурии Башкоркостон, Донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Башкоркостон, Донишгоҳи ВКД Россия дар шаҳри Санкт-Петербург, Академияи ВКД Россия дар ш.Нижний Новгород, иштирок намуданд.
Бо суханҳои ифтитоҳӣ сардори Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш.Уфа, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники политсия А.С.Ханахмедов, муовини роҳбари Котиботи Маҷлиси Давлатии Ҷумҳурии Башкоркостон, номзади илмҳои ҳуқуқ, Н.Р.Янбухтин, муовини Раиси Комиссияи марказии интихоботии Башкоркостон М.В.Гадилов, сардори факултети №2 Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Ҳ.С. Сафарзода баромад намуданд.
Иштирокчиёни конференсия масъалаҳои мубрами таъмин ва ҳимоя намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон дар замони муосир, аз он ҷумла, масъалаҳои ҳимояи судии ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон, оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон, ҳукми қатл ҳамчунин маҳдудияти ҳуқуқи одам ба ҳаёт ва ғайраро баррасӣ намуданд.
Аз номи Академияи ВКД сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода А.М. бо маърӯза дар мавзӯи «Терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ҳамчун шакли инкор намудани ҳуқуқҳои инсон» («Терроризм и экстремизм как форма отрицания прав человека») баромад намуд.
Баъд аз анҷоми маърӯзаҳо аз тарафи мутахассисони муассисаҳо - иштирокичиёни конференсияи он-лайн як қатор пешниҳодҳо манзур гардид.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр